349 нафар 1 миллиону 388 ҳазору 270 сомонӣ ҷарима шудаанд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, бояд омори қонуншиканӣ, аз ҷумла аз ҷониби мансабдорон пешниҳод омма гардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон аз нақзи қонуни танзим аз ҷониби шахсони мансабдорон, ходимони дин, соҳибкорони инфиродӣ ва инчунин шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо гуфта, таъкид намуд, ки омори он бояд пешниҳоди омма гардад.

Шермуҳаммади Шоҳиён дастур дод, дар бораи онҳое, ки қонунро вайрон мекунанд омор, таҳия ва ба рӯзноманигорон пешниҳод гарадад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки мудири шуъбаи молиявӣ — хоҷагидории дастгоҳи раиси вилояти Суғд барои нақзи қонуни танзим ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,баробар ба 29 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз ҷониби судҳо барои риоя накардани қонун Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим 358 парванда баррасӣ гардидаст.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи баррасии парвандаҳо нисбат ба 349 шахс ба маблағи умумии 1 миллиону 388 ҳазору 270 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *