Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

6000 доллар ҳалолатон бод!Ҷавонон ба пеш! Фурсатро аз даст надиҳед!

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар Чемпионати навбатии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар риштаи бокс, ҷоизадоронро дар баробари медал инчунин мукофотпулӣ интизор аст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар Чемпионати навбатии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар риштаи бокс, ҷоизадоронро дар баробари медал инчунин мукофотпулӣ интизор аст.

Чемпионҳои Осиё миёни ҷавонон, ки нимаи дуюми моҳи август дар Дубай муайян мешаванд, медали тилло ва шаш ҳазор доллар ҷоизапулӣ мегиранд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали нуқра ба даст меоранд, 3 ҳазор доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллар мукофотпулӣ мегиранд.

Таъкид шудааст, ки ҷоизадорон миёни наврасон барои медали тилло бо 4 ҳазор доллари ИМА, барои нуқра бо 2 ҳазор доллар ва биринҷӣ бо як ҳазор доллар сарфароз мегарданд.

Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон 17-31 август дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Бори аввал дар таърихи бокси Осиё чемпионат миёни ҷавонон ва наврасон дар як вақт доир мегардад.

Дар ин сабқат миёни ҷавонон варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 имкон иштирок доранд. Варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 метавонанд дар Чемпионати Осиё миёни наврасон ширкат намоянд, таъкид намуд Кумитаи миллии олимпӣ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.