Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

70 чинӣ дар Тоҷикистон

То дирӯз, 12 феврали соли равон 922 нафар, аз ҷумла 111 нафар зан, 7 кӯдак, ки давоми чанд рӯзи охир аз вилоятҳои мухталифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхона ва истироҳатгоҳҳои мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Хабар медиҳад дафтари матбуоии Вазорати тандурустӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 922 нафар 70 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.

Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.