Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳолии Тоҷикистон дар 2 панҷсола 2 мллион афзудааст

Имрӯз, 12 октябр, дар Агентии омори назди ҲҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020 баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии  Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии аҳолӣ  дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн  133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи аҳолии ВМКБ 227,2 ҳазор нафар (соли 2010-ум 206 ҳазор нафар буд), вилояти Сугд 2 млн 770 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 233 ҳазор нафар буд), вилояти Хатлон 3 млн 444 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 677 ҳазор нафар буд), шаҳри Душанбе 948,8 ҳазор нафар (соли 2010-ум 724 ҳазор нафар буд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 270 ҳазор нафар (соли 2010-ум 1 млн 722 ҳазор нафар буд) мебошанд.

Таъкид гардид ки натиҷаи ниҳоии барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 давоми солҳои 2022-2024 дар 11 ҷилд: дар соли 2022 маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақди ниқоҳ, ақалияти миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ, дар соли 2023 — маълумот дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои васоити зиндагӣ, машғулиятҳо ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, давомнокии истиқомат дар ҷойи истиқомати доимӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ, соли 2024 — маълумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ, маъюбии шаҳрвандон, ҷамъбаст ва дастраси омма мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.