Аҳолии Тоҷикистон 25 миллион нафар мешавад?

Дар Душанбе 871 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Аҳолии Тоҷикистон новобаста ба афзоиши фавт аз бемориҳои мавсимии нафаскашӣ зиёд мешавад. Тибқи маълумоти Агентии омор, аҳолии Тоҷикистон айни замон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Дар 10 моҳи гузаштаи имсол аҳолии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 фоиз афзудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, аҳолии вилояти Хатлон 3,4 миллион, вилояти Суғд 2,7 миллион ва аҳолии ноҳияҳои тобеи марказ 2,2 миллион нафаранд. Инчунин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230,5 ҳазор нафар ва дар Душанбе 871 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар Хатлон шумораи талоқ коҳиш ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои СММ, то соли 2100 аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ба беш аз 25 миллион нафар хоҳад расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *