Абдуқаюмова: Ҳизби мо ҷонибдори бисёрзанагист!

Як намояндаи ҳизб бори дигар пешниҳод кардааст, ки ба чандҳамсарӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонда шавад. Ин дафъа ин пешниҳод аз тарафи ҳизби «Келечек» садо дод, ки талош дорад вориди Маҷлиси шаҳри Бишкек шавад. Номзади он, Назира Абдуқаюмова, рӯйирост гуфт, ки «ҳизб тарафдори қонунӣ кардани чандҳамсарист».
«Бо сабаби мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари мо никоҳҳо ва кӯдакони ғайриқонунӣ афзудаанд. Ин мушкили ҷиддӣ барои миллати мост. Ҳизби «Келечек» ҷонибдори қонунӣ кардани дузанагист ва ин чанд мушкил, аз ҷумла мушкили иҷтимоиву иқтисодиро ҳал хоҳад кард», – эълон дошт сиёсатмадор дар навори таблиғотие, ки бо ҳиҷоб зоҳир шуд.
Дар пайи ин, ба зидди ҳизби «Келечек» ба Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон шикоят кардаанд. Яке аз аҳзоби рақиб гуфтааст, ин пешниҳод мухолифи қонун аст, чун Кодекси ҷиноӣ чандҳамсариро манъ кардааст. Амалан дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чандҳамсарӣ вуҷуд дорад.
Тарафдорони ин пешниҳод далел меоранд, ки чандҳамсариро Қуръон иҷозат додааст. Ва барои он ки аз чанголи қонун бигурезанд, танҳо бо никоҳи динӣ иктифо мекунанд.
Шикоят ба Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон чизеро ҳал накард. Дар ин ниҳод гуфтаанд, ки дар суҳбатҳои Абдуқаюмова поймолшавии қонуни интихоботро наёфтанд ва машварат додаанд, ба милиса муроҷиат шавад.
Дар ҳизби «Келечек» гуфтанд, ки аз роҳи худ пас гаштанӣ нестанд. Раҳбари он Чингиз Макешев мегӯяд, пешниҳоди ҳамҳизбашро дастгирӣ мекунад, ҳарчанд худаш зани дувум гирифтанӣ нест.
Аз “Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *