Абдуллоҳ: Афғонистон бо айби Ғанӣ шикаст хурд

Абдуллоҳ: Афғонистон бо айби Ғанӣ шикаст хурд Пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ дар суҳбат бо India Today гуфтааст, ки фирори Ғанӣ сабаби асосии суқути ҳукумат аст. «Бо фирори Ғанӣ вазъияти кишвар мубаддал ба як ҳолати пур аз ҳарҷу марҷ гардид», — гуфтааст Абдуллоҳ. Абдуллоҳ мушкилот дар низоми идоракунии ҳукумати пешин, фасод ва монополияи Ғаниро масъалаҳои муҳиме номид, ки байни мардум ва ҳукумати пешин фосила эҷод карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъалаҳо дар ниҳоят боиси суқути низом шуданд. «Бояд бигӯям, ки мушкилоти бештар дар системаи зиёд буданд, ки дар он шубҳае нест. Аз ҷумла интихоботи носолими паси ҳам, адами эътимоди Ғанӣ болои мардум ва раҳбарони кишвар, ки бояд дар аксари онҳо ӯро муқассир донист. Фасоду масофаи байни мардум ва ҳукумат сабаби суқути низом шуд», — гуфт Абдулло. Роҳбари пешини Шӯрои олии оштии миллӣ имзои Созишномаи Доҳа байни ИМА ва «Толибон»* — ро сабаби набудани сулҳ дар Афғонистон медонад. Ба гуфтаи ӯ, як қатор бандҳои созишнома хеле заиф буданд. “Имзои тавофуқнома дар Доҳа миёни Амрико ва «Толибон»* ба гунае, ки дӯстони амрикоии мо бо вуҷуди мухолифатҳо дар даруни ҳукумати он кишвар ва ҳама ҷонибҳои дахил, саранҷом мунҷар ба нопойдории сулҳ дар Афғонистон гардид” гуфтааст ӯ Президенти собиқи Афғонистон рӯзи 15 август дар пайи омадани «Толибон»* пушти дарвозаҳои Кобул аз пойтахт фирор кард. Гуфта мешавад, Ғанӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар аз тимаш бо худ 169 миллион доллари буҷаро бу худ бурдаанд, аммо ӯ ин иддаоро пас аз ду рӯзи фирораш рад кард. ИМА гуфтааст, ки қазияи пулҳои рабудаи Ғаниро таҳқиқ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *