Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абдуллоев бо 3500 сомонӣ ришва ба даст афтод

Абдуллое бо маблағи 3000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далели шайъӣ маблағи 3000 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд

Агентии зидди ришваи  Тоҷикистон аз боздошти Абдуллоев Н.А, як корманди САҲШ-и пойтахт хабар медиҳад, ки аз як корафтода маблағи 3500 талаб карда, ба даст афтод.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ,  Абдуллоев Н.А замони дар вазифаи нозир-коргӯзори Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда истода, барои барқарорсозии ҳуҷҷатҳо аз як шаҳрванд маблағ ситонидааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва иваз намудани ному насаби номбурда маблағи 3500 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 500 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда 3000 сомониро талаб намуд. 

“Санаи 09 июни соли 2020 Абдуллоев Н.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далели шайъӣ маблағи 3000 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати  Абдуллоев Н.А.  бо моддаи 247 қисми 2 банди “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи генералии кишвар ирсол шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj