Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СҲИ аз фалоқати башарӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

Президенти Тоҷикистон гуфт, вазъи башарӣ дар Афғонистон бо фарорасии сармо метавонад, шиддат ёбаду кишварро гуруснагии оммавӣ фаро гирад.

«Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад», — хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви СҲИ гуфт, Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ҷонибдорӣ мекунад.

«Мо аҳаммияти Афғонистонро ҳамчун ҳалқаи ногусастанӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва транзиту нақлиёт дар чаҳорчӯби Созмон пурра дарк мекунем», — омадааст дар матни суханронии Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ гуфт, татбиқи лоиҳаҳои сатҳи минтақавӣ пеш аз ҳама, аз муътадил гардидани вазъи низомиву сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобастагӣ дорад.

«Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогиррро дар кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд», — таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки зарур аст, ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии башарӣ  кумакҳо расонида шавад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.

Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *