Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Афсӯси Қурбонзода аз шикоят накардани дузанаҳо

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон афсӯс мехурад, ки дар шашмоҳаи аввал ягон кас аз болои дузанагӣ  шикоят накардааст. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  ки “ҳарчанд мо медонем, ки дузанагӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад”.

Дар нишасти Кумитаи кор бо занон гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли равон, тақрибан шашуним ҳазор мавриди ҷудо шудани оилаҳоро сабт кардаанд. Ин омор  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 990 ҳолат зиёд мебошад.

Азбаски дар Тоҷикистон бисёрзанӣ ғайриқонунист, вале оморе дар ин маврид вуҷуд надорад. Ҳарчанд дузанагӣ ҷазо ҳам дорад, аммо солҳои охир масъалаи иҷозати доштани ду ҳамсар барои мардон дар матбуот низ баҳс мешавад. Бархе ҳамсарони дуюм шикоят мекунанд, ки шавҳаронашон онҳоро тарк кардаанд ва фарзандонашонро қонунӣ эътироф намекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Одам 04.08.2021 13:59

    Афсуси хонум Қурбонзода но ҷо буда, баръакс боиси хурсанди бояд, ки бошад, Мардҳои дузана, зану фарзандашонро намепартоянд.
    Дарҷомеа бояд этироф кард, ки барои дузанаги иҷозаи зани якум ҳатмист, ва на ҳар мардбашара ин иҷозатро аз зани якум гирифта метавонад!!!
    Барои гирифтани зани дуюм бояд мард донад, ки ҳар занеки набошад аввал ӯ модараст, баъд зану хоҳару духтараст!!!
    Чаро аз занҳо намепурсанд, зани дуюм бо мардиуҳдабаро хубаст ë зани ягона бо бевафою кучагарду фиребгару тарсую дуруггу, ки дараввалин мушкилии зиндаги ҷудошавиро ихтиëр мекунад, на сабру тарбияву на муросою наҳамдигарфаҳми.
    Пас кадом яке хубаст???

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.