Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Aкнун тӯи арӯсӣ саднафара мешавад

Дар Тоҷикистон пас аз эътирофи вуҷуди коронавирус дар моҳи апрели соли 2020, беш аз ду моҳ баргузории маросими хонадоршавӣ манъ буд

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон туйи домодию арӯсӣ бо иштироки то 100 нафарро иҷозат дод.
Моҳи июли соли 2020 Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус туйҳо бояд бо иштироки 30-40 нафар баргузор шаванд.
Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар додааст, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 рӯзи 27-уми март бо шарти “риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ” тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафарро иҷозат дод.
Дар Тоҷикистон пас аз эътирофи вуҷуди коронавирус дар моҳи апрели соли 2020, беш аз ду моҳ баргузории маросими хонадоршавӣ манъ буд. Моҳи июли соли 2020 мақомот баргузории туйи домодию арусиро иҷозат доданд, вале гуфтанд, ки ба ин маросим набояд аз 30-40 нафар бештар меҳмон даъват шавад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз моҳи январи имсол то кунун ҳеҷ мавриди сирояти сокинон ба коронавирусро сабт накардаанд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.