Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Алимардонов аз маҳбас озод шуд

Ба зидди ӯ бо иттиҳоми “тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон” (моддаи 246, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушода буданд.

Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва ҳоло роҳбари “Агроинвестбонк”, аз ҳабс раҳо шудааст.
Масъулони Агентии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, ки ӯ 90 миллион сомонӣ қарзи гирифтаашро аз “Агроинвестбонк” “ғайримақсаднок” истифода кардааст. Парда Алимардонов ва наздиконаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ва ҳам баъди раҳоияш дар бораи иттиҳоми воридшуда ба матбуот изҳори на Аз руи гуфтаҳо, Парда Алимардонов “кредит”-и бонкро баргардонд ва, бино бар ин, парванда алайҳи ӯ қатъ карда шуда, аз боздошт раҳо гардид.

Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия моҳи феврали имсол дар нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки Алимардонов қисме аз маблағҳоро баргардондааст ва дар сурати пурра додани қарзи бонк, имкон дорад, парвандааш қатъ шавад. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми “тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон” (моддаи 246, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушода буданд.
Парда Алимардонов раиси корпоратсияи “Баракат” мебошад. Ин ширкат солҳо боз дар шаҳри Ҳисор дар бахши кишоварзию чорводорӣ фаъолият мебарад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.