Алоҳу акбар! Қудуми номубораки Толибон руфта шавад…

Дод аз дасти Толибон: Ҳар куҷо тоҷик ҳаст гирифтори ғамаст!!!
Соати 9 – и шаби гузашта сокинони Ҳирот болои бомҳои худ баромада, “Аллоҳу Акбар” гуфта, фарёд сар доданд.

Ин вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, буд, ки аз мардуми шаҳрашро даъват кард, то барои ҳимоят аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва муқовимат бар зидди «Толибон»* ҳамовозии худро баён кунанд.

Як сокини шаҳри Ҳирот Вакил Аҳмад Ниёзӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Амир Исмоилхон ба мардуми шаҳраш расман тариқи расонаҳо муроҷиат карда, гуфт, ки ҳамнавоии шумо бо муқоваматгарон ва нируҳои амниятӣ ва наърҳои баланду малакутии «Аллоҳу акбар» оғозе барои сарнагунии гурӯҳҳои террористӣ ва даҳшатгар хоҳад буд.

“Вай гуфт, ҳамон гуна, ки медонед дар ҳоле ки шумо наъраи “Аллоҳу акбар” сар медиҳед, нируҳои бошаҳомати амниятӣ ва фарзандони сарбаланди Ҳироти бостон ба пешравӣ ба самти ғарби шаҳр идома дода ва дар баробар душманони дину фарҳангамон мубориза мекунанд. Дуо ва ҳамкории шумо рӯҳияи баланд ва қуввати қалби сангардорони сарбаланди шумост”, — гуфт Вакил Аҳмад Ниёзӣ.

Дар посух ба фарохони Амир Исмоилхон соати 9 – и шаби гузашта сокинони шаҳри Ҳирот рӯи бомҳои хонаи хеш баромада, баробар наъраи “Аллоҳу Акбар” – ро сар доданд.

Муҳибуллоҳ Нурӣ, огоҳи масоили сиёсӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло тамоми Афғонистон аз зулму истибдоди “Толибон”* ва пуштибонони хориҷии онҳо азият мекашад, аз ин хотир, даъвати Амир Исмоилхон дар дигар гӯшаву канори кишвар низ ҳамовозӣ пайдо кард.

“Ин як ҷунбиши худҷӯш ва маънавӣ, ки аз сӯи мардум пуштибонӣ пайдо мекунад, беҳтарин фурсат аст, ки давлат қиём ва муқовамати мардум дар баробари “Толибон”* — ро ба номи «Ҷунбиши Аллоҳу акбар» роҳандозӣ кунад. Ин ҷунбиш ба хотири пуштибонӣ аз нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ ба манзури ҷамъ кардани бистари “Толибон”* аз Афғонистон аст”, — гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Шаҳри Ҳирот як ҳафта боз маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* буд.

Ин гуруҳ мехост шаҳрро ишғол кунад ва ба ин хотир ҳамлаҳои сангинеро ба соҳоти гуногуни шаҳр анҷом дода, муваффақ ба гирифтани маҳаллаҳои канори шаҳр шуд. Аммо шаби гузашта дар пайи як амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ ва Исмоилхон онҳо аз маҳаллаҳои ғарбӣ ақиб зада шуда, ҳамин лаҳзаҳо ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии шаҳр идома дорад.

Ҳирот, маркази вилояти Ҳирот, севумин шаҳри бузурги Афғонистон пас аз Кобулу Мазори Шариф буда, беш аз ним миллион нуфус дорад, ки ҳудуди 70% — и онро тоҷикон ташкил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *