Амрико вақти ҳуҷуми Русияро ба Украина муайян кардааст

Хадамоти кашфи ИМА бар ин боваранд, ки Русия дар авоили соли 2022 ҳамла ба Украинаро дар назар дорад.

Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба як манбаъ дар маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден менависад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрияи амрикоӣ, Маскав қасд дорад 175 000 низомии худро дар марзи Украина мустақар кунад, ки нисфи онҳо аллакай дар ҷойҳои худ қарор доранд. Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия қасд дорад ба манотиқи марзӣ ҳудуди 100 «гурӯҳи тактикии батальон»-ро ҳамроҳ бо мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпхона ва таҷҳизоти зарурӣ равон кунад Рӯзномаи «Вашингтон Пост» низ бо истинод ба мақомҳои амрикоӣ ва асноди истихборотии Амрико, хабар дод, ки Русия ҳамла ба Украинаро тарҳрезӣ мекунад ва пешрафтро дар ҷабҳаҳои гуногун ба нақша гирифтааст. Тавре як сухангӯи маъмурияти ИМА, ки нахост номаш ифшо шавад, тавзеҳ дод, миқёси нирӯҳо «ду баробар бештар аз он аст, ки баҳори соли гузашта ҳангоми машқҳои амалиётии Русия дар наздикии марзҳои Украина мушоҳида карда будем.» Гуфта мешавад, ки дар он ҳамчунин истифодаи мошинҳои зиреҳпӯш ва артиллерия пешбинӣ шудааст. Пентагон таъйид кард, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден ба амалҳои Кремл дар бораи қасди ҳамла ба Украина хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд ва онҳоро дурӯғ намешуморад. Як мақоми баландпояи вазорат гуфт, Русия тақрибан 100 000 сарбозашро дар марз бо Украина мустақар кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *