Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Андоз аз маош,кам мешавад ё зиёд?

Тарҳи нави лоиҳаи Қонуни андоз барои андозсупорандагон сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Хусусан барои ширкатҳои хурду миёна, ки ҳоло фаъолият доранд ин сабукиҳо бешатранд. Аз ҷумла, меъёри андози иҷтимоие, ки кордеҳ барои корманд пардохт мекунад, аз 25 дарсади пешина то ба 20 дарсад поин оварда шудааст.
Баръакси он андоз аз даромад, ки ба ҳама кормандон тааллуқ дораду аз маош ситонида мешавад, андаке боло меравад. То кунун аз маоши кормандон дар Тоҷикистон 13 дарсад андоз аз даромад ва 1 дарсад андози иҷтимоӣ ситонида мешавад. Ин дар маҷмӯъ 14% мешавад.
Дар тарҳи нав мизони андоз аз даромад барои шахсоне, ки то 4800 сомонӣ маош мегиранд, 12 дарсад муайян шудааст. Шахсоне, ки аз 4800 сомонӣ бештар музд мегиранд, акнун бояд 15 дарсад андоз аз фоида ва (агар дар созмони ғайридавлатӣ фаъолият доранд) 2 дарсад андози иҷтимоӣ хоҳанд дод. Якҷоя ин 17% хоҳад шуд.
Андоз аз фоида барои афроде, ки маошашон аз 18 ҳазор сомонӣ бештар аст, 18 дарсад (+2) муайян шудааст.
Барҳам додани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳам аз сабукиҳое гуфта мешавад, ки дар тарҳи нави андоз пешбинӣ шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.