Антенаҳои Рӯдакиро мекананд. Чаро?

Дар чанд рӯзи ахир аз 3-4 бино дар хиёбони Рӯдакӣ ҳудуди 150 мавҷгирро кандаанд

Як ҳафтаи охир мақомоти шаҳри Душанбе мавҷгир ва ё антенаҳои параболии сокинонро аз боми биноҳҳои истиқоматияшон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт канданд.
Рӯзи 21-уми май як гурӯҳ аз кормандони идораи манзилию комуналии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба кандани мавҷгирҳои моҳворавии сокинон банд буданд. Онҳо гуфтаанд, ки бар асоси дастури раиси шаҳр амал карда истодаанд. Ба гуфтаи онҳо «мавҷгирҳо намои зебои шаҳрро коста мегардонад, барои ҳамин бояд аз боми сокинон гирифта шаванд».
«Фикри моро напурсиданд, фақат ҳаминро гуфтанд, ки ин ҷо антенаҳои Шумо зебоиро коста мекунад. Антенаро харида будем ва барои часпонданаш пул харҷ кардем, бояд дар баробари кандан бо дигар мавҷгир таъмин мекарданд»,-мегуянл сокинони ин куча
Аммо Турамурод Шукуров, корманди идораи манзиливу комуналӣ гуфтааст, ки барои барчидани антенаҳо ба сокинон муҳлат дода буданд. Ӯ таъкид намуд, ки вақте баъзе сокинон чунин талаботро иҷро накарданд, худи онҳо дастбакор шудаанд. Ба қавли Шукуров, дар чанд рӯзи ахир аз 3-4 бино дар хиёбони Рӯдакӣ ҳудуди 150 мавҷгирро кандаанд.
Хиёбон ва кӯчаи Рӯдакӣ аз маркази шаҳри Душанбе мегузарад ва маъмулан мошинҳои раисҷумҳурон ва дигар меҳмонони баландпоя, ки ба Тоҷикистон меоянд аз ин кӯча убур мекунад. Зоҳиран шаҳрдории Душанбе ба хотири зебову замонавӣ нишон додани шаҳр ба меҳмонони хориҷӣ тасмими барчидани мавгирҳоро гирифтаанд.
Кормандони идораи манзилию комуналӣ мавҷгирҳои моҳвораии сокинонро канда, дар назди бинои ШКД-и минтақавӣ афкандаанд. Мусъулон гуфтанд, соҳибони ин дастгоҳҳо метавонанд, ҳар лаҳза онҳоро омада бигиранд, аммо ба ҷойи инҳо бояд аз мавҷгирҳои алтернативӣ ё симӣ истифода баранд.
Шодком Махсумов, ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфт, тасмими барчидани мавҷгирҳои моҳвораӣ бояд тарзе сурат гирад, ки ҳуқуқи сокинон нақз нашавад. Ӯ афзуд, агар мавҷгирҳо воқеан симои зоҳирии пойтахтро нозеб мекунад, ҳукумати шаҳр дар ин замина бояд ягон қарор ва ё санаде қабул кунад. Он гоҳ, дар ин замина метавонанд мавгирҳоро барчинанд.
Барчидани мавҷгирҳои моҳворавӣ аз боми биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои марказии пойтахт аз соли гузашта шурӯъ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *