Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Анварӣ – паёмбари назм!

Алӣ Авҳаддидин Анварӣ аз суханварони номӣ ва поябаланди адабиёти асри XI ва ибтидои асри XII форсу тоҷик ба шумор меравад, ки ӯ тахминан солҳои 1090-91 дар Абевард ном қасабаи дашти Ховарон (ин дашт ҳоло дар Туркманистон воқеъ буда, он биёбони Қароқум ном дорад) таваллуд меёбад.

Ҳамон навъе ки аз гуфтаи тазкиранависон бармеояд, Анварӣ дар овони ҷавониаш дар мадраcаи Мансурияи Тӯс таҳсил намуда, ба омухтани илмҳои замони худ машғул мегардад. Ва дере нагузашта чун олим ном мебарорад…

Дар борам оғози фаъолияти шоирии Анварӣ бошад, ривояте ҳаст, ки гӯё ӯ рӯзе дар назди мадраса менишаст. Марде бо кару фарри зиёд дар иҳотаи ғуломон аз кӯча мегузарад. Вақте ки Анварӣ кӣ будани ӯро аз дигарон суол мекунад, мегӯянд, ки вай маликушшуарои дарбори Султон Санҷар амир Муиззист. Сипас, Анварӣ ангушти ҳайрат мегазаду худ ба худ мегӯяд:

Аҷабо, шеваи шоирӣ бад ин пастию он шахс чунон мӯҳташам ва пояи илм ба ин баландию ман чунин мустаманд.

Ва қарор медиҳад, ки ӯ ҳам минбаъд ба шеърy шоирӣ машғул мешавад. Ҳамон шаб қасидаеро бо матлаи:

Гар дилу даст баҳру кон бошад,
Дилу дасти худо ягон бошад.

Эҷод карда онро ба ҳузури Султон Санҷар мебарад. Санҷар, ки марди суханшиносе будааст, аз шунидани қасида ба ваҷд меояду Анвариро яке аз надимони дарбори худ таъин месозад. Ҳамин тариқ Анварӣ дар натиҷаи тангии ҳаёт ва бадгузаронии рӯзгор аз илм даст кашида, ба шоирӣ мепардозад.

Анварй аз худ мероси адабии зиёде (қариб 18000 байт) гузоштааст. Девони шоир борҳо дар Эрону Ҳиндустон ба табъ расидааст. Вактҳои наздик нашриёти «Ирфон» мунтахаби ашъори шоирро аз чоп мебарорад.

Мероси адабии шоир доманадор буда, он аз қасида, маснавӣ, қитъа ва ғазалу рубоӣ иборат аст.

Бояд гуфт, ки Анварӣ жанри қасидаро чӣ аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун чунон тараққӣ дод, ки дар натичаи ин ӯро дар таърихи назми форсу точик яке аз паямбарони назм меҳисобидагӣ шуданд.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми қасидаҳои Анварӣ дар он аст, ки ӯ зимни мадҳи мамдӯҳ ибораю таркибҳои зиёди илмӣ-фалсафиро меоварад ва ин сабаби душворфаҳмии қасидаҳои ӯ гардидаст. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки тамоми ашъори ӯ бо забони душвор навишта шудааст. Аз ҷихати равонию соддагӣ ва хушбаёнӣ ғазалу рубоиҳои ӯ мақоми махсус доранд.

Ҷамъи рубоиёти шоир тахминан 440-то буда, онҳо аз ҷиҳати латофату соддагии лафзу маънӣ аз рубоиёти муосиронаш кам нестанд. Ба таври амиқ муайян кардани рубоиёти Анварӣ бошад, тадқиқоти алоҳидаеро талаб, манамояд, зеро дар девони ӯ рубоиҳое низ ҳастанд, ки онҳоро ба Рудакӣ, Умари Хайём, Камолиддини Исфаҳонӣ ва дигарон ҳам нисбат медиҳанд. Бинобар он доир ба ин ҷиҳати масъала алҳол чизе намегӯем.

Инак, чанде аз рубоиҳои Анвариро ба таври интихоб ба диққати
Хонандагон пешкаш менамоем.

Ҳамвора чу бахти худ ҷавонӣ бодат,
Чун давлати хеш комронӣ бодат.
Эй моям зиндагонӣ, аз неъмати ту,
Ин шарбати оби зиндагонӣ бодат.


Ишқе, ки ҳама умр бимонад, ин аст,
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст.
Коре, ки касаш чора надонад, ин аст,
В-он шаб, ки ба рӯзам нарасонад, ин аст.


Ба гул гуфтам: абр чаро мегиряд?
Мотамзада нест, бар куҷо мегиряд.
Гул гуфт: агар рост ҳаме бояд гуфт,
Бар умри ману аҳди шумо мегиряд.


Он дил, ки ту дидаӣ, фигор аст ҳануз,
К-аз ишқи ту бо нолаи зор аст ҳануз,
В-он оташи дил бар сари кор аст ҳануз,
В-он оби ду дида барқарор аст ҳанӯз.


Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишкуфт.
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.


Ҳар лаҳза, ки аз ҷамолат ояд ёдам,
Aз чархи кабуд бигзарад фарёдам.
В-ар з-он ки ба ҷои об оташ борад.
Ман хок шавам, ҷо ба ту орад бодам.


Як шаб маҳи гардун ба рухат менигарид,
В-аз ашк зи дида хуни дил меборид.
Як қатра аз он бар рухи зебот чакид.
В-он хол бад он хушӣ аз он, гашт падид.


Ҳар тирашабе, ки раҳ ба рузе набарад.
Гардун ба ҳисоби умри ман баршумарад.
Бо ин ҳама мотами фироқаш дорад.
Гарчи ба ҳазор гуна меҳнат гузарад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.