ҳаҷ

Арабистони Саудӣ: Ҳаҷи умраро иҷозат дод, ба шарте зоирин бар зидди COVID-19 эм карда шуда бошанд

Агентии иттилоотии Фарғона бо истинод ба Gulf Business менависад, зоирони хориҷӣ, ки бо доруҳои тасдиқнамудаи мақомоти Саудӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд, метавонанд ба Арабистони Саудӣ умра кунанд (ҳаҷи хурд).

Возеҳ аст, ки акнун вуруд ба Арабистони Саудӣ барои он зоироне, ки ё ду вояи ваксинаҳои Pfizer-BioNTech, Oxford-AstraZeneca ё Moderna ё як вояи ваксинаи Ҷонсон ва Ҷонсон гирифтаанд, иҷозат дода шудааст. Маҳз ин доруҳо аз ҷониби мақомоти Саудӣ тасдиқ шудаанд.

Ҳич яке аз ваксинаҳои русии COVID-19 дар Арабистони Саудӣ ҳоло тасдиқ нашудааст. Вазорати тандурустии Салтанат гуфтааст, ки вуруд ба кишвар барои онҳое низ иҷозат дода мешавад, ки бо Sinopharm ё Sinovac эм карда шаванд, ба шарте ки онҳо як ваксинаи пурзӯркунандаи ваксинаеро, ки ҳукумати Саудӣ тасдиқ кардааст, гиранд.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар охири моҳи феврали соли 2020 бинобар хуруҷи коронавирус муваққатан қатъ карда шуд.

Имсол ҳаҷ аз 17 то 22 июл сурат гирифт, аммо ду сол пай дар пай зоирони Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо наметавонистанд ҳаҷро анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки эмкунии аҳолӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон бо 5 намуди ваксина сурат мегирад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfaizer ва Sputnik V. Тавре ки пештар хабар дода будем, кишвар аллакай дар доираи механизми глобалии COVAX ва кӯмаки башардӯстона 4 миллиону 861 ҳазору 540 ваксина гирифтааст. Интизор меравад, ки дар ин моҳ ҷумҳурӣ 500 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac ва 302 ҳазор вояи ваксинаи аврупоии AstraZeneca гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *