Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Арафаи Соли нав, ҳаво хунук, вале офтобӣ…

Ҳавои сард, аммо офтобӣ давоми ҳафтаи пешазсолинавӣ боқӣ мемонад. Боришот дар назар дошта нашудааст
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар Душанбе то нисфи рӯз ҳаво абриву сард бошад ҳам, пас аз зуҳр ҳавои офтобӣ пешбинӣ мешуд.
Ҳарорат шабона то -9 дараҷа сард ва рӯзона то -4 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳамчунин фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз ҷониби ғарб то 8 метр сония мевазад. Аммо аллакай фардо, 29 декабр ҳаво офтобӣ мегардад.
Дар водиҳо шабона аз -3 то -8 сард, ва рӯзона то +2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар кӯҳҳо шабона аз -13 дараҷа то -20 дараҷа, рӯзона то -7 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон дар водиҳо шабона то — 8 дараҷа сард ва рӯзона то аз -2 дараҷа то +3 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрӣ шуда, гоҳе офтобӣ ва бештар бебориш мегардад.
Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона то -12 дараҷа сард ва рӯзона то -7 дараҷа хунук мешавад, дар шарқи кишвар, ки сардтарин минтақаи кишвар аст, то -34 дараҷа хунук мешавад.
Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не
Дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд шабона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад ва туман мефарояд.
Ҳарорат дар водиҳо шабона то -6 дараҷа сард ва рӯзона аз -3 дараҷа сард то +2 дараҷа мешавад. Дар кӯҳҳо шабона то -13 дараҷа мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.