Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аскар Ҳаким: Байни шоирон беҳтарин мунаққидам, байни мунаққидон беҳтарин шоир!

75 кирои гап нест!

Устод Аскар Ҳакимро дар хона саргарми кор дарёфтам ва бо шӯхӣ пурсидам:

-Ҳафтае баъд 75-сола мешаведу бепарво пушти миз нишастаед. Ку ташвиши таҷлил ва ку тараддуди маҳфил?

-Валлоҳ, тантанае нест… Дӯстонам аз Иттифоқи нависандагон маҳфили шеъру суруд ба нақша гирифтаанд, ки  22 октябр баргузор мешавад.  Дигар воҳимае нест, зеро корҳои зиёде дорам ва барои маҳфилгузарониву маҷлисороӣ вақтам намерасад… 

-Машғули чӣ коред?

-Корҳои эҷодӣ. Мусаввади китобамро мехонам, ки ҳамин шабу рӯз бояд чоп шавад. Ин китоб “Пажӯҳиш ва нақди шеър” ном дорад ва ба нақду баррасии шеъри муосири тоҷик бахшида шудааст, ки тариқи нашриёти “Дониш”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп мерасад.

-75! Воҳиманок менамояд. Чӣ эҳсос доред?

-Вақте дар синну соли ту будам, чунин фикр мекардам. Гумон доштам, ки 75 умри тӯлонист ва муддатест дурудароз, вале ҳозир дар назари ман 75 ҳеҷ менамояд, ниҳоят кам аст. На ба он хотир, ки ман одами хасисам ва мехоҳам 90, 100-у 120-ро низ аз худ кунам, вале ҳоло эҳсоси дарозмумрӣ надорам. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки зиндагии мо суръаташ тез аст ва гузашти рӯзҳоро эҳсос намекунем ё шояд ба хотири он ки корам зиёд асту вақти фикр кардан надорам…

-Яъне 75 аз 20-30 соли қабл фарқ намекунад?

-Кам. Баъзан ҳис мекунам. Он даврон ман ба вақт бештар қимат қоил набудам, ҳозир ҳар соати ҳар рӯз бароям муҳим аст ва агар ин соат беҳуда равад, ранҷ мекашам. Аз назари ҷисмонӣ бошад, шукр, ки ҳоло бардам ҳастам. Ман, ки пайваста ба варзиш машғулам, вақтҳои охир машқҳои душворе, ки 20-30 сол қабл анҷом медодам, такрор намекунам, ҳарос дорам. Яъне нишонаҳои синну сол дар ман ҳам ҳаст, вале на ба он ҳадде, ки дар бораи он суҳбат кунем. Шояд 95 кирои суҳбат дар мавриди пиронсолӣ ва гузашти рӯзгор бошад…

Беҳтарин шоир ва беҳтарин мунаққид

-Шумо аз зумраи нафарони ангуштшуморед, ки ҳам дар шеър ва ҳам дар нақд тавфиқ ёфтаед. Ин ду самти эҷодиёти шумо аз ҷониби мутахассисон баҳои сазовор гирифтааст. Вале аз нигоҳи худатон дар кадом соҳа бештар муваффақ ҳастед – шеър ё нақд?

-Чанд сол қабл, дар яке аз маҳфилҳоям ба ман чунин савол доданд. “Ман дар байни шоирон беҳтарин мунаққидам ва дар байни мунаққидон беҳтарин шоир. Яъне дар ҳар ду ҳолат ҳам беҳтарин ҳастам.” – бадоҳатан посух додам ман. Дӯстам Гулназар навишта буд, ки албатта, ин сухани Аскар Ҳаким лутф аст, вале воқеан, ӯ ҳам шоир ва ҳам мунаққиди хуб аст.

Барои ман, баҳо додан ба эҷодиёти худам душвор аст, бо вуҷуди он, ки соҳибназарони зиёде ин корро кардаанд. Шеър ё нақд? Кадоме барои ман қимати бештар дорад? Дар посух додан ба ин суол низ душворӣ мекашам.

Адиби бузурги рус Владимир Солоухин дар яке аз ҳикояҳои воқеияш ба ин мазмун менависад. Дар Фаронса ба яке аз салонҳои ороишӣ даромадам. Сартарош марди хушсуҳбат буд ва чун фаҳмид, ки нависандаи шӯравӣ ҳастам ба ман бештар мароқ зоҳир кард. Пурсидам: — Аз шоирони шӯравӣ касеро медонӣ?

Гуфт: — Евтушенко!

Пурсидам: — Чизе аз ӯ хондаӣ?

Гуфт: — Не.

Боз пурсидам: — Пас, ба назарат шоири бузурги советӣ кист?

Гуфт: — Евтушенко.

Баъди нашри ин ҳикоя журналисте ба Солоухин суол медиҳад: “Муносибати шумо бо Евтушенко чӣ гуна аст?”. 

“Ман ҳама навиштаҳои худро бо Евтушенко иваз намекардам”- посух медиҳад ӯ. Албатта, шуҳрати ҷаҳонии Евгений Евтушенко назар ба Солоухин бештар аст, вале ҳар чиз дар ҷой ва мавқеи худаш аст. Назм ва нақди ман ҳам ҳар яке ба ҷойи худаш. Агар ба ман гӯянд, ки аз баҳри яке гузар ва якеро интихоб кун, наметавонам.

Доктори илм

-Дар суҳбате гуфта будед, ки аз ибтидо нияти олим шудан надоштед…

-Бале. Ман аз кӯдакӣ машқи шеър мекардам ва дар даврони донишҷӯӣ ҳам шеър менавиштам. Пас аз хатми донишгоҳ муддате журналистӣ кардам, вале ин пешаи заҳматписанд монеи рушди шеърам мешуд. Бинобар ин, ба аспирантура ҳуҷҷат супурда, ба Маскав рафтам, ки вақт барои шеър пайдо шавад. Аммо талаботи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов барои аспирантон вазнин буд. Ҳамин аст, ки бештар омӯхтам ва дар муҳлати муайяншуда рисолаи илмӣ дифоъ кардам. Дар ин давра, дар Душанбе  мақола ва китобҳоям чоп шуданд ва дар майдони адабиёт чун мунаққид муаррифӣ шудам.

-Ва солҳои охир рисолаи докторӣ ҳам, дифоъ кардед…

-Бале. Чанд сол пеш, вақте аз корҳои давлативу маъмурӣ бознишаста шудам, директори вақти Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рудакӣ, академик Акбари Турсон маро ба кор ҷеғ заданд. Дар институт чунин талабот ҳаст, ки ҳар ходими илмӣ рӯйи мавзӯи мушаххас пажӯҳиш мебарад. Таҳқиқоти банда доир ба вежагиҳои шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми асри ХХ буд, ки онро дар 530 сафҳа ба поён расондам. Дар фикри дифои рисолаи докторӣ набудам, аммо дӯстони соҳибназарам баъди мутолиаи таълифот маро таҳрик доданд, ки онро ба сифати кори докторӣ пешниҳод кунам. Яке аз он нафарон худи ту будӣ, ки дар як суҳбат “Баҳром Сирус вақте рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад, синнаш аз 80 гузашта будааст, шумо ҳам докторӣ кунед”-гӯён маро ташвиқ мекардӣ. Ҳамин тавр, ман рисолаи докторӣ дифоъ кардам…

Чаро шоир бе подош шеър мегӯяд?

-Бо вуҷуди он ки дар шеър мартаба ёфтед, вале ҳанӯз бархе мегӯянд, ки агар Аскар Ҳаким шеър намегуфту мунаққид мемонд, беҳтар буд…

-Шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ дар бораи ман мақолае дорад – “Нигоҳи кӯтаҳ ба қомати баланди шеър”. Дар он менависад: “Бархе ҳанӯз ҳам бар он ҳастанд, ки Аскар Ҳаким даст бар шеър намезад, кофӣ буд, ки дар бахши нақд фаъолият медошт. Ва онон надонанд, ки барнома дар ихтиёри Аскар Ҳаким нест, балки он аз ҷойи дигар рехта ва танзим мешавад…”. Дар ҳақиқат, шеър ниёзи ботинии инсон аст, ки наметавон пеши роҳи онро гирифт. Яқин. Агар ин тавр набуд, чаро шоир бе подош кор мекунад? Дар замони шӯравӣ ҳаққи қалам буд, ҳоло нест, аммо шоирон шеър мегӯянд? Чӣ шоирро водор мекунад, ки ба ивази ҳеҷ, саломатӣ ва зиндагии худро қурбон карда шеър нависад? 

-Чӣ ангеза дод, ки ниёзи ботинии мунаққиди шинохта дар қолаби шеър буруз кунад?

-Муҳити Иттифоқи нависандагон, ки баъди хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ба сифати муовини сардабири “Садои Шарқ” ба кор омадам. Дар ин муҳит ҳама шоиру нависанда буданд ва табиист, ки ин ба ман бетаъсир намонд. Бозор Собир масъули шуъбаи назм буд. Он шабу рӯзҳо агар зарурати тарҷумаи шеърҳо пеш меомад, ман тарҷума мекардам ва Бозор хонда, хушаш меомаду мегуфт: “Нақди дилбазанро чӣ кор мекунӣ? Ту шоир ҳастӣ, шеър навис…” ва ҳамин тавр, дубора ба шеър пардохтам.

Илми шеързада ва шеъри илмзада

-Дар адабиёти мо ҳастанд олимоне, ки шеър менависанд ва шоироне, ки нақд, аммо ба назари ман бештар шеърашон илмзада асту нақдашон шеързада. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр фосиларо нигоҳ дошт?

-Дар гузашта ҳам шоироне буданд, ки шеърашон ба гуфти ту илмзада буд. Масалан, Ҳоқонӣ, ки эҷодиёташ саросар аз вожаҳои илмист. Ё Анварии Абевардӣ, ки чун яке аз паёмбарони назм шинохта шудааст. Ин аз он сабаб аст, ки шоирони мо дар гузашта илмҳои маъмули замонашонро меомӯхтанд ва дар шеърҳояшон вожагони фалакиёту илоҳиёту ҳандасаву риёзӣ фаровон аст, ки ба тавзеҳ эҳтиёҷ дорад. Вале дар байни алоқамандони адабиёт Рӯдакӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз барин шоирон машҳуранд, зеро инҳо ҳам донишманданд ва ҳам чунон гуфтаанд, ки осон дастрас мешавад ва ба рӯҳу равони хонанда таъсир мекунад. Олими шоир ман донишманд гуфта, набояд чунин нависад, ки мардум нафаҳмад. Шеър гуфтан, аслан осон гуфтан аст, вале бо маъниҳои баланд.

Дар Эрон мунаққиде нест, ки шеър нагӯяд ва шоири хуб ҳам набошад. Барои мисол, доктор Шафеъии Кадканӣ, ки ҳам олими забардаст аст ва  ҳам шоири забардаст.  Ё  Саид Нафисӣ, ки ҳам олими бузург буд, ҳам нависандаи бузург ва ҳам шоири хуб. Рустами Ваҳҳоби мо ҳам беҳтарин олим асту беҳтарин шоир. Чунин мисолҳо зиёданд. Муҳим фосиларо нигоҳ бояд дошт, зеро вақте кас пайваста кори илмӣ менависад, якбора ба шеър гузаштанаш душвор аст, замон мехоҳад. Як-ду рӯз ва баъзан бештар лозим аст, ки ба сабки бадеии шеър гузарад.

-Шеър зодаи эҳсос аст ё маҳсули заҳмату кор?

-Ҳарду. Шоири бузурги рус Анна Ахматова дар як шеъраш ба чунин маъно мегӯяд, ки шумо тасаввур намекунед, ки шеър аз чӣ гуна партов ба вуҷуд меояд, ҳол он ки шеъри ӯ алмос барин медурахашад. Бинобар ин, эҳсос касро таҳрик медиҳад, заҳмату таҷриба ва дониш онро шеър мекунад. Албатта, тавлиди шеър кори фардӣ аст. Масалан, Сергей Есенин шеърро аввал дар сараш мепухт ва якбора дар сафеднавис менавишт. Пушкин бошад, дар болои шеъраш пайваста кор мекард. Китобе дорам: “Дастнависҳои Пушкин”. Муҳаққиқ менависад, ки ягон дастнависи шоирро хонда, шеърашро ҷудо кардан имкон надорад, зеро борҳову борҳо таҳрир шудааст, вале шеъри Пушкин парвоз мекунад. То имрӯз дар шеъри рус касе намегӯяд, ки шеъри ман болотар, баландпарвозтар ва хушнавотар аз шеъри Пушкин бошад.

Баҳои Нимо ва воқеияти шеър

-Шумо дар замони шӯравӣ доир ба шеъри тоҷик рисолаву мақолаҳо навиштед. Он замон шеър ва фаҳмиши шеър дигар буд, ҳоло ҳам шеър дигар шуд, ҳам шинохт. Аз нигоҳи имрӯз назаратон ба шеъри шӯравӣ то куҷо тағйир ёфт?

-Таҳқиқоти калони ман доир ба шеър агар рисолаи номзадиам бошад, соли 1974 ҳимоя кардам. Аҷибаш он аст, ки 3 боби он бе ҳеҷ гуна тағйирот то имрӯз чоп мешавад. Як боби аввалаш бо андаке тағйирот аз нав чоп шуд, яъне имрӯз ҳам ба қавле кӯҳна нашудааст. Зеро ман он вақт ба чизҳое муроҷиат карда будам, ки дар шеър куҳнашавӣ надоранд. Албатта, шеъри замони шӯравӣ, дар зери таъсири замон дигар буд. Дар кишварҳои ҳамзабони мо маҳдудиятҳо вуҷуд надошт, бинобар ин, шеъри онҳо як андоза пешрафтҳои ҷолиб дошт. Онҳо ҳам, албатта, маҳдудиятҳо доштанд, вале бо намодҳо ва тасвирҳо ҳарфи дилашонро мегуфтанд. Адабиёти мо дар чаҳорчӯба қарор дошт. Бо вуҷуди ин, адабиёти мо дастовардҳои назаррасе дошт.

-Вале бархе аз соҳибназарони эронӣ ба шеъри шӯравии мо баҳои баланд додаанд. Барои мисол, аз номи Нимо меоранд, ки гӯё гуфта шеъри тоҷик аз лиҳози мундариҷа бартар аз шеъри Эрон аст…

-Нимо чизи дигарро дар назар дошт. Ӯ вақти муборизаҳои синфӣ ба хулоса омада буд, ки шеърро ба иҷтимоъ наздик кардан лозим аст ва  дар асоси чанд чизе, ки дар даст дошт, чунин хулоса карда буд, вале агар ин ҷо мебуд ва дар кулл ба адабиёти мо дастрасӣ медошт, назараш албатта дигар мебуд. Ман пайваста шеър мехонам ва холисона мегӯям, ки шеъри мо ҳам аз назари мавзӯъ, ҳам аз назари ҳунар ва ҳам шеърият бояд хеле боло равад, ки дар радифи ҳамзабонони эрониву афғонистониамон қарор бигирад. Ҳарчанд, шоирони алоҳида, ба монанди Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Озар ва чанд нафари дигар ҳастанд, ки шеърашон дар ин поя қарор дорад. Бозёфтҳои эҷодӣ дар шоирони дигарамон низ ҳаст. Шеъри нав, нимоӣ ва сапед низ дар Тоҷикистон равнақ меёбад.

-Аз шеъри нав сухан гуфтеду дар зеҳнам суоле пайдо шуд. Солҳои охир дар Тоҷикистон шеъри нав, нимоӣ, сафед, озод, зулол, хойку ва ғайра пайдо шуд, аммо маҳбубият пайдо накард. Масалан, шеъри сафеди Доро Наҷотро на ҳама дарк мекунад. Мардум ҳамоно ғазалу рубоӣ ва дубайтиро меписанданд. Сабаб чист?

-Шоироне ҳастанд, ки барои шоирон шеър менависанд. Инҳо шоирони шоиронанд. Инҳо дарк мекунанд, ки шеърашон барои нафарони хос аст ва мардуми авом онро дарк намекунад. Вале адабиёт ҳамеша ниёз ба ҳарфи нав ва шеъри нав дорад. Қабули ҷараёни нав замон мехоҳад. Барои мисол, шеъри Доро Наҷот, бо вуҷуди он ки онро аз сад кас як кас дарк мекунад, барои адабиёти мо муҳим аст ва бо гузашти вақт, хонандаи худро пайдо хоҳад кард. Муҳим он аст, ки шеър моли адабиёти асил ва шеъри асил бошад.

Мо хоҳем — нахоҳем суннат ва анъана пурқувват аст. Барои мисол, ғазалнависӣ аз асрҳои Х-ХI шурӯъ шуд. Дар асри ХХ бар зидди он муборизаҳо сурат гирифт, вале ҳоло ҳама ғазал мегӯянд ва мардум онро мехонанд, зеро ин навъи шеър дар давоми ҳазор сол дар қалби мо ҷой гирифтааст.

Қаҳрамони маъюси шеъри ҷавон

-Дар замони шӯравӣ қаҳрамони шеъри мо одами бунёдкор, пешрафта ва хушбахт буд. Қаҳрамони шеъри имрӯз, махсусан, шеъри ҷавонон одамони пассив, гирифтор ва маъюсанд. Ҳатто гул дар шеъри муосир пажмурда, дарахт бебаргу бор ва осмон тира аст. Сабаб чист?

-Вазъи иҷтимоии ҷомеа. Шоир пеш аз ҳама аз зиндагии худ менависад. Зиндагии шоири имрӯза ба ҳама маълум аст. Бинобар ин, аз шоире, ки зиндагиаш душвор аст, қаҳрамони фаъол, бунёдкор ва пешрав талаб кардан душвор аст. Вақте шахс таъмин бошад, рӯҳияаш ҳам дигар мешавад. Миёни шоирони ҷавони мо касе, ки зиндагиаш бофараҳу борифоҳ бошад, хеле кам аст. Бинобар ин, вақте шоири ҷавон зиндагии хароб дорад, чӣ гуна метавонад зиндагии хушбахтонаро тасвир кунад?

-Устод Гулназар гуфта буданд, ки баъди даҳ сол дар Душанбе адиби ҷавон намемонад, зеро рӯзгорашон таъмин нест. Бо вуҷуди ин рӯз аз рӯз теъдоди шоирони ҷавон зиёд мешаванд…

-Ба назари ту шоир зиёд аст? Ман чунин гумон намекунам. Замоне ки мо ҷавон будем, аҳолии Тоҷикистон 3 миллион буд, ҳозир 10 миллион. Табиист, ки шоири ҷавон низ бештар аст. Дигар ин ки муҳаббати шеър дар сиришти инсон аст ва ӯро маҷбур мекунад, новобаста аз он ки суде дорад ё надорад. 

 Ёди Анвар Олим

-Бародари шумо Анвар Олим нависандаи бисёр соҳибистеъдод буданд, ки як умр дар Хуҷанд зиндагӣ карданд. Чанд китобашон дар дасти ман ҳаст, ки 50-100 нусха чоп шудааст. Шумо раиси Иттифоқи нависандагон будед, мансабҳои дигар ҳам доштед, чаро эшонро ба Душанбе наовардед ё миёнравӣ накардед, ки китобҳояшон бештар нашр шавад?

-Мо аз падар 2 писар будем. Ман ки омадам, ӯ дар он ҷо монд ва чароғи хонадони падарро равшан мекард, зеро каси дигар набуд. Хоҳари як рафиқамро барояш номзад кардему хонадор шуд. Соҳиби 4 писари ҳузарб аст. Коре ки барои як андоза хуб шудани зиндагӣ ва рушди ҷаҳонбиниаш кардам, ин буд, ки дар вақташ аз дӯстон хоҳиш намудам, ки ӯро ҳамчун тарҷумон ба Афғонистон фиристанд. Як муддат он ҷо кор кард. Баъди аз Афғонистон омадан аз нашриёт кадом китобро ҳам гирифта дода будам, ки дасташ рост шавад, таҷриба ҳосил кунад. Аз Москва барояш китобҳои беҳтаринро равон мекардам. 30 ҷилдаи куллиёти Достоевскийро барояш туҳфа кардам. Ӯ ҳамчун нависанда дар мактаби бузург ба воя расид, зеро мутолиаи васеъ дошт. Бинобар ин, эҷодиёташ фарқ мекунад, назар ба дигарон.

Вақте раиси Иттифоқи нависангон будаму сари мансабу вазифа асарҳои комилаш кам буд. Замоне ӯ асарҳои хуб навишту ба камол расид, ки дигар нашриёт асарҳои адибонро чоп намекард ва адабиёт харидор надошт.

-Марги эшон ҳам ногаҳонӣ буд…

-Афсӯс… Бемории қалб дошт…

Рисолат ва наќшањои эљодӣ

-То ҳамин марҳилаи зиндагӣ рисолати худро анҷомшуда эҳсос мекунед?

-Ҳоло не. Рӯз ба рӯз ба ҷое, ки нақшаҳо кам шаванд, зиёд мешаванд, ҳоло корҳои анҷомнашуда зиёданд. 

-Чӣ нақшаҳои муҳими эҷодӣ доред?

-Ҳозир “Очеркҳои таърихи шеъри муосири тоҷик”-ро менависам. Намунаашро навиштам — “Мақоми шеър дар эҷодиёти устод Айнӣ”, ки қариб 40 сафҳа аст ва чоп шуд. Баъди ин Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва то касе ки имкон даст диҳад. Агар онро тамом кунам, таърихи таҳлилии шеъри муосирро навиштанӣ ҳастам.

-Феълан чӣ рӯзгор доред?

-Рӯзгорам бад нест. Дар ҳалқаи фарзандон ва набераҳо ҳастам.

-Шумо 4 духтар доред. Эҳсоси беписарӣ мекунед?

-Не. Чунин эҳсосро надорам, ки писар надорам, ки ба ман кӯмак кунад, зеро коре, ки писар мекунад, ҳоло худам чун мард карда метавонам. Шояд чунин эҳтиёҷ ва эҳсос баъдан ҳам пайдо нашавад, чунки набераҳоям калон шуданд, аллакай мардҳои чор кас медидагӣ ҳастанд.

-Аз зиндагитон розӣ ҳастед?

-Муҳим он аст, ки зиндагӣ аз ман розӣ бошад.

Мусоҳиб Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.