Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аспдуздон мусаллаҳ сабаби тирпаронӣ дар марз шуданд…

Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии Қирғизистонро, ки дар паи муноқишаи марзӣ дастгир шудааст, баргардонад.

Рӯзи 8 июл ҳангоми тирпарронӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар наздикии ағбаи Чашмагилдан як хизматчии ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт ва ба қаламрави Тоҷикистон бурда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти вазорат.

Дар изҳорот гуфта мешавад, “Ҳоло намояндагони марзбонии ду кишвар дар маҳалли тирпарронӣ қарор доранд ва ин далелро таҳқиқ мекунанд. Намояндаи марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Ботканд Киёлбек Толонбоев аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии дар ин ҳодиса боздоштшударо баргардонад”.
Тибқи иттилои манбаъ, музокирот идома дорад. Бино ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон қайд кард, ки рӯзи 8 июл тахминан соати 17:00 дар қисмати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи ағбаи Чашмагилдан, отряди марзбонии Қирғизистон мавриди ҳамлаи низомиёни тоҷик қарор гирифт.

Дар паи ин ҳодиса тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа як хизматчии ҳарбии Қирғизистон кушта шуд.
Вале, тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, чор шаҳрванди Қирғизистон марзи давлатро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст. Артиши Қирғизистон бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ будаанд.
Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки онҳо ният доштанд аз минтақаи Деваштич ба қаламрави ҷумҳурии худ 9 асп интиқол диҳанд.

Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи фармони охирин барои убури сарҳади давлатӣ, ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар оташи ҷавобӣ, ду марзбони қирғиз захмӣ шуданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қайд кард, ки марзбонон дар минтақаи ағбаи Наумини ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд хидмат мекарданд ва дар масири муайян ҳаракат доштанд.

Чаро мудом ҳар он ҷинояте, ки аз тарфи қирғиз шавад баҳонаҳои нав ба навро ба бор меоварад? Чаро барои чунин аҳдшиканияшон ба онҳо боре ҷавобе дода намешвад, ки якумр дар хотрашон нақш бандад? То ба кай ҷониби қирғизӣ дар ҳама ҳолат моро мутаҳам месозад? Сарбозони моро зарур аст,ки мардонагиву шуҷоат нишон дода, ба онҳо барои ҳаргуна худсариҳояшон имконият надиҳанд. Вагар на ин қирғиз дар ду пули пучак моро намехарад!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.