Астероиди эҳтимолан хатарноки Апофис ба замин наздик мешавад

Бино ба иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушоҳидаҳо ва ҳисобҳои астрономҳо нишон додаанд, ки моҳи апрели соли 2029 астероид ба замин наздик мешавад ва 13-уми апрел, соати 21:46 дақиқаи вақти умумиҷаҳонӣ дар масофаи қариб 38500 километр аз маркази замин ба сайёраи мо то ҳадди имкон наздик меояд.

— 13-уми апрели соли 2029 астероиди Апофис аз сатҳи сайёраи мо камтар аз 38 000 километр парвоз хоҳад кард, ки ин масофа нисбат ба моҳвораҳои геостатсионарӣ наздиктар аст. Ҳангоми наздик шудани ин ҷирм дар соли 2029, Апофис барои мушоҳидачиён дар замин дар нимкураи Шарқӣ бе ёрии телескоп ё дурбин намоён хоҳад шуд. Бо наздикшавии ҷирм имконияти хуб пайдо мешавад, ки олимон хусусиятҳои физикию динамикии онро хуб омӯзанд. Бино ба маълумоти олимон, эҳтимолияти бархӯрд бо замин ночиз аст. Тибқи маълумоти Маркази тадқиқоти NASA, аз соли 1905 то 2013 астероид ба замин 60 маротиба наздик шудааст ва наздикшавии навбатии он дар моҳи апрели соли 2029 ва марти соли 2036 дар назар аст. Аммо, наздикшавии навбатӣ дар моҳи апрели соли 2029 рух медиҳад. Тибқи маълумоти байналмилалӣ, астероид эҳтимолан хатарнок маҳсуб мешавад ва интизор меравад, ки олимон табиати ин астероидро баробари наздик шудани он ошкор кунанд. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳангоми наздикшавии астероид ба замин назорати онро зери назорати ҷиддӣ мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки табиати ин астероид ошкор гардад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки астероиди 99942 — Апофис 19-уми июни соли 2004 дар расадхонаи миллии астрономии Аризонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кашф шудааст. Ин ҷирм, ки он бори аввал кашф шуда буд, табиатан дар хабарҳои аввал ва мақолаҳои илмӣ бо номи MN4 муаррифӣ шудааст. Пас аз он, ки мадори он ба таври кофӣ ҳисоб гардид, рақами доимии 99942-ро гирифт (24-уми июни соли 2005). Астероид эҳтимолан хатарнок ва андозаи он ба 0,34 км (334 м) баробар аст. Астероид дар атрофи офтоб дар 1,82 мадори замин як гардиш мекунад ва ба астероидҳое тааллуқ дорад, ки ба замин наздик мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *