Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Атомуҳаммади Нур гуфт: Омода ҳастам то қатраи охирини хун биҷангам

Суқути Мазори Шариф, ки азимтарин шаҳри минтақа ба шумор меравад, ба ҳукумати Кобул зарбаи сахте хоҳад шуд. Радиои “Афғонистони Озод” инчунин аз ҷангҳои шадид дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх хабар доданд.

Атомуҳаммади Нур, фармондеҳи нирӯҳои шимол, таҳдид кард, ки то охирин қатраи хунаш бо Толибон меҷангад.

Хабарҳо аз ҷанги шадид дар марзҳои наздик ба Эрон – шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ҳам мерасанд.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо ҳазор сокини одии Афғонистон дар дохили кишвар дар ҳоли фирор аз ҷанг ҳастанд. Бисёре аз оилаҳо маконҳои ишғолшуда аз тарафи Толибонро тарк мекунанд. Аксари онҳо аз ваҳшонияти ҷангҷӯён дар ҳаросанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.