Авбош дар амалиёти “Корд” дасгир шуд

Зимни амалиёти шартӣ бо номи «Корд»  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навобод Муҳаммадҷон Назарови 18-сола, ки дар силсилаавбошиҳо бо истифода аз корд иштирок мекард дасгир карда шуд. Дар ин бора хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре манбаъ хабар медиҳад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда — Муҳаммадҷон Назаров бо ҳамроҳии истиқоматкунанди кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе Умед Маҳмудови 22-сола  бо маслиҳати пешакӣ,  бо истифода аз корд ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо,  аз ҷумла  роҳзаниву ғоратгарӣ машғул шудаанд.

Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ошкор карда шуд, ки онҳо  30  октябри соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз корд ба шаҳрванд Шаҳбоз Раҷабови 22-сола  таҳдид намуда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор-Лайф»-ро, ки 2100 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф кардаанд.

Инчунин ҳамон рӯз гумонбаршудагон ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе қарор доштанашон шаҳрванд Шералӣ Ризоёни 34-соларо бе ягон асос дашномҳои қабеҳ намуда, ба таври ошкоро телефонии мобилияш тамғаи «Редми-6»-ро, ки 1250 сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Номбурдагон дар содир намудани 5 ҳолати дуздӣ ва 2 ҳолати  ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, барои муайян намудани ҳолатҳои дигари ҷинояти  содирнамудаи онҳо корҳои фаврӣ — тафтишотӣ ҷараён доранд.

Айни замон нисбат ба  гумонбаршавандагон Назаров Муҳаммадҷон ва Маҳмудов Умед Сарабекович тибқи талаботи моддаҳои 248 (ғоратгарӣ) ва 244 (дуздӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз паёмадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *