Аз ҳамсафарӣ то ҳамнишинӣ бо Тӯҳфа Фозилова

Тақдир маро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиям бо ин ҳунарманди тавонои театру синамои тоҷик рӯ ба рӯ гардонида буд. Тобистони соли 1976 роҳбари онвақтаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ Обид Ҳомидов мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи санъатро барои иҷрои барномаи консертӣ интихоб намуда, ҳамроҳи ҳунармандони театр ба шаҳру вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбекистон ба сафари ҳунарӣ бурд. Роҳбарии ин сафари таърихиву хотирмонро устод Тӯҳфа Фозилова ба уҳда дошт.

Дар вокзали шаҳри Когон ҳайати эҷодии театри овозадори тоҷикро бо меҳру эҳтиром ва шукӯҳу азамати хоса истиқбол гирифтанд. Ман бори аввал мушоҳида кардам, ки ситораҳои саҳнаи тоҷик Тӯҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва дигарон дар ҷомеа чӣ нуфузу обрӯе доранд.

Ҳунармандони театр дар шаҳри Бухоро ва навоҳии атрофи он намоишҳои ҷолиби худро нишон медоданд. Мо — донишҷӯён бо барномаи консертӣ аз дурдастарин ноҳияи вилояти Бухоро шурӯъ карда, бо суруду таронаҳо дар назди мардум баромад мекардему таҷрибаи эҷодӣ меандӯхтем. Барномаҳо асосан шомгоҳон иҷро мешуданд. Рӯзонаҳо бошад, мо аз тамошои шаҳри бостонии тоҷикон Бухорои шариф баҳра мебурдему ҳамзамон аз дидору суҳбатҳои устодони саҳна бархӯрдор мегаштем.

Тӯҳфа Фозилова бо вуҷуди ҳунарманди машҳуру маъруф буданаш зани бисёр хоксору меҳрубон, дарёдилу шӯхтабиате буд ва хислату одатҳои аҷибе дошт. Ҳамагон ӯро ҳамин тавр Тӯҳфаойтӣ меномиданд.

Тӯҳфаойтӣ дар меҳмонсарои «Зарафшон»-и Бухоро ва баъдан дар бисёр нишасту суҳбатҳо аз дӯстони самими худ, арбоби намоёни сиёсиву давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев ва раиси номдору деҳқони асил, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамеша ба некӣ ёд мекарду аз рӯзгори эшон ва хислату рафторҳои аҷиби онҳо қиссаҳои ҷолиберо нақл менамуд. Он бузургмардон низ ошиқу шайдои Тӯҳфабонуву ҳунари волояш буданд…

Ба гуфтаи Тӯҳфаойтӣ ва бисёр собиқадорони саҳнаи ҳунар Турсун Ӯлҷабоев аз мухлисони ашадии театри Лоҳутӣ буда, ба ҳамаи намоишҳои он, ҳатто ба тамошои намоишҳои бачагона низ ҳамроҳи фарзандону набераҳояш меомадааст, ки ин барои аҳли ҳунари театр мӯҷиби ифтихору сарбаландӣ ва бешак яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти эҷодии эшон будааст…

Яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи Тӯҳфаойтӣ махсусан ҳангоми сафарҳои ҳунарии театр ин «Лотобозӣ» буд, ки дохили халтача омезиш дода, дастрас кардани рақамҳоро худ иҷро мекард ва ба ҳар рақаме ҳазломез як ном ё рамзи хосае гузошта буд, ки боиси хандаву шодии ҳампешагон мегардид.

Масалан, агар аз дохили халта рақами 1 мебаромад, Тӯҳфаойтӣ «Ҳайдарака» — гӯён нидо мекард. Ҳунарманди хуби Театри ба номи Лоҳутӣ Ҳайдар Шоймардонов чунон лоғар буд, ки шакли рақами «як»-ро дошт. Ё рақами 7-ро «бинии Эсоҷон» меномид, ки ин рақам шаклан ба бинии Исо Абдурашидов хеле шабеҳ аст.

Ҳамин тавр, дар ҳар маврид, хусусан ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ чӣ дар мошин ё дар меҳмонхона ҳамкорону ҳампешагон аз ҳузури Тӯҳфаойтӣ меболиданду хурсандӣ мекарданд ва хастагии роҳу иҷрои намоишҳо эҳсос намешуд…

Баъди хатми донишкада маро ифтихори бузурге насиб гардид, ки ба Театри ба номи Лоҳутӣ ба кор даъват шудаму шарафи ҳамкориву ҳамнишинӣ бо ситораҳои саҳнаи тоҷик ва шинохти бештари эшон муяссарам шуд. Дар миёни ҳамаи бузургони ҳунар Тӯҳфа Фозилова бо бисёр сифатҳои наҷибу накӯяш фарқ мекард. Ҳамаи маҳфилу чорабиниҳои дохилии театр маҳз зери роҳбарии ӯ, бо маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ сурат мегирифтанду дар сатҳи олӣ мегузаштанд.  Ман ки чанд сол роҳбарии ташкилоти ҷавонони театрро ба дӯш доштам, дар баргузории ҳар як маҳфилу таҷлили ҷашнвораҳо дар доираи аҳли кормандони театр ҳамеша ёвари Тӯҳфаойтӣ будам. Зани басо оқилаву кордон, дурандешу соҳибтаҷрибае буд, ки дар ҳар маврид маслиҳату пешниҳодҳояш судманд буданду натиҷаҳои дилхоҳ медоданд.

Аз «буз» қимоб буданаш низ пайваста боиси ҳазлу шӯхиҳои рафиқона қарор мегирифту фазоро пур аз хандаву шодӣ мекард…

Тӯҳфаойтӣ дар гардиши сеюми кӯчаи «Пионерӣ» дар ҳамсоягии Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Ҳанифа Мавлонова…зиндагӣ мекарду ҳавлии зебову озодае дошт. Писари номдораш Марат Орифов низ бо ӯ мезист.

Дар рӯи ҳавлӣ чойлоби ангур доштанд, ки аз пешгоҳи хона то назди дарвоза тӯл мекашид. Боре ҳангоми баҳорон Тӯҳфаойтӣ аз ҳамкорон мепурсанд, «кӣ ҳунари хомток кардан дорад, зеро чойлоби ангурҳои ҳавлии мо ҷангал шудаанд». Кадом «рӯйхунуки бетутуруқ» (таъбири Тӯҳфаойтӣ) мегӯяд, ки ин кор аз дасти Ортиқ меояд.  

Баъди ҷамъомади ҳайати эҷодӣ ойтӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки: «Ҳой «рӯйхунук» мегӯянд зодгоҳи ту макони ангур асту ту худат дар миёни токзорҳо калон шудаӣ, чойлоби ангурҳои ҳавлии маро хомток намекунӣ?!»

Ҳарчанд дар умрам хомток накарда будам, вале ин хоҳиши Тӯҳфаойтиро рад карда натавонистам. Дар ҳамом либосҳоямро бо баъзе либосҳои куҳнаи Маратака иваз намуда, ба кор шурӯъ кардам.

Чойлоб аз пешгоҳ то назди дарвозаи даромад баландтар мешуд. Аз ин рӯ, дар қисмати миёнаи он ба нардбони баланди оҳанине ниёз афтод, ки хеле сангин буд.

Ман онро,  ки дупоя буд, базӯр аз ҷо ба ҷои дигар кашола мекардаму ба болояш баромада, бошавқ токҳои сабзи чойлобро канда ба поён мепартофтам. Як замон Тӯҳфаойтӣ бо ҳайрату надомат фиғон бардошт, ки «Ҳой «рӯйхунук», охир ҳамаи токҳои ангурдорро кандаӣ — ку?!» Мани дар ин кор бетаҷриба аввал чӣ гуфтанамро надонистаму баъд сир бой надода, посух додам, ки: -«Ойтиҷон, токатон имсол ангури зиёд бастааст, агар ҳамин хел накунем, зӯри ток барои пурра пазонидани ҳосил намерасад. Барои ҳамин қисман токҳои ангурдорро кандан айни матлаб аст». Чунин ҷавоби «муттахасис»-и бедипломи соҳаи ангурпарварӣ Тӯҳфаойтии содадилро қонеъ кунонд, ки дигар чизе нагуфта, аз паи кори худ шуд… Кор қариб ба анҷом расида буд, вале душвортар гардид, зеро чойлоб дар назди дарвоза тақрибан 5 метр баландӣ дошту нардбон бошад, 2-2,5 метр буд. Дар ҳоле, ки ман дароз шуда, хостам аз навдаи баландтар токеро канда партоям, ногоҳ нардбон аз зери поям канда шуда, ба як канор, ба дохили ҳавзи беоби рӯи ҳавлӣ сарозер афтод. Ман зуд бо дастонам рови оҳанини чойлобро дошта, кашол шуда мондам.

Тӯҳфаойтӣ ҳамроҳи апааш ҳарчанд зӯр заданд, зинаи сангини оҳанинро аз дохили ҳавзи бетонпӯши рӯи ҳавлӣ бардошта натавонистанд. Кампирҳо мурғи посӯхта барин ба чор тараф давида одам мекофтанд, ки зинаро бардошта, маро наҷот диҳанд. Ман, ки баъди адои хизмати Артиши шӯравӣ каме обутоби ҷисмонӣ ёфта будам, танамро бо дастон боло кашида, пойҳоямро низ ба яке аз ровҳои чойлоб ҳалқа кардам. Агар худамро аз он баландӣ ба поён ба рӯи фарши бетонӣ мепартофтам, яқин ягон ҷоям мешикаст ва ё сахт лат мехӯрдам. Мутаассифона на дар кӯча, на дар хонаи ҳамсояҳо ягон мард пайдо нашуд. Дар хонаи Қосимовҳо на Фаррух буду на Хуррам. Доду фиғони ду кампир фазоро фаро гирифта буд.

Хушбахтона, баъди чанд лаҳза Марат Орифов бо «Газ-24»-и худ аз кор ба хона омаду аз мошин фаромада, бо дидани он манзараи ғариби хатарнок шикамашро дошта, ба ханда даромад. Кампирҳо бо маломат ӯро маҷбур сохтанд, ки нардбонро зудтар бардошта, дар зери чойлоб, дар он ҷое, ки ман овезон будам, бо ду пояш рост монанд. Маратака бо ёрии кампирҳо нардбонро ба ҷояш устувор карду мани бо охирин қувваи дасту пойҳо овезонбударо наҷот дод… Бо амри Тӯҳфаойтӣ дигар хомтоккуниро қатъ намуда, либосҳои кориро иваз намуда, дар ҳамомашон оббозӣ кардаму ба сари дастархони пурнозу неъмати Патибону (апаи Тӯҳфаойтӣ, ки кадбонуи беҳтарин буд) нишастем.

«-Хуб моҳона тарсондӣ, рӯйхунук»-гӯён Тӯҳфаойтӣ ба ҷомҳо «доруи» рафъкунандаи тарсро рехт. «Доруи тарс» чунон иштиҳобарангез буд, ки палови хушлаззати баргитокии Патибону пухтаро то биринҷи охирин тановул кардем…

Чанд муддат байни дӯстону ҳамкорон қиссаи хомтоккунии ман мавриди шӯхиву ҳазлу ханда қарор гирифта буд…

Бо мақому эътибор ва обрӯву нуфузе, ки дар ҷомеа, махсусан дар сатҳи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбу давлат дошт, меҳри дили ӯ, кумаку дастгирии ӯ ба бисёр ниёзмандону муҳтоҷон расидааст. Аз ҷумла, баъди саргардониву иҷоранишиниҳои пурмашаққат ниҳоят соҳиби манзили зист гаштани Убайдулло Раҷабов маҳз бо шарофати дарёдиливу хайрхоҳиҳои Тӯҳфа Фозилова амалӣ гардидааст.

Убайдулло Раҷабов пайваста бо Тӯҳфаойтии меҳрубону содадил шӯхиҳои хосае мекард. Маҳз дар асари ҳамин гуна шӯхиҳои Убайдулло Тӯҳфаойтӣ дар намоиши «Рӯдакӣ» (нақши маликаро мебозид) ба ҷои «Ҳа, Маҷи хаттот» гуфтан «Ҳа, Хатти маҷҷоҷ!» гуфта буд. «Ҳамин рӯйхунуки Убайдулло калема гиҷ карду саҳнаба ҳамин хел гуфта мондиям»-мегуфт Тӯҳфаойтиву модарвор Убайдуллоро «коҳиш» мекард.

Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабов, Маҳмуд Тоҳирӣ ва бисёр ҳунармандони номдори театр бо Тӯҳфа Фозиловаи дарёдилу шӯхтабиат ҳазлу шӯхиҳои хоси худро доштанду ӯро фарзандвор дӯст медоштанд.

Фарзанди ягонаи Тӯҳфа Фозилова ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик Марат Орифов ифтихори санъати тоҷик ва мероси пурқимати Тӯҳфаойтӣ мебошад, ки умраш зиёда бод! Рӯҳи модари бузургвораш аз ӯву ҳама ворисону пайвандонаш, аз ҳама аҳли ҳунару шогирдонаш шоду хушнуд бод!

Тӯҳфа Фозилова яке аз шоҳсутунҳо ва асосгузорони театри касбии тоҷик буд. Ӯ дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, дар шаҳри Тошканд маҳорати худро сайқал дода, соли 1934 ба шаҳри Сталинобод меояд ва дар Театри мусиқии пойтахти тоҷикон ба кор шуруъ мекунад. Дар заминаи ҳамин театр соли 1940 Театри опера ва балети тоҷик таъсис меёбад, ки Тӯҳфа Фозилова ба ҳайси яке аз асосгузорони он то соли 1949 дар саҳнаи он беҳтарин нақшҳоро офарида, бо садои дилнишини худ сурудҳои машҳури «Мепарварам», «Бихандад лола бар саҳро», «Алла», «Сари кӯҳи баланд», «Шиканҷи зулф» ва ғайраҳоро иҷро кардааст.

Аз соли 1949 ба Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор мегузарад. Дар 40-солагӣ ба дарёфти унвони олии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудааст.

             Ортиқи Қодир, 

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *