Аз 5 то 10 сол зиндон. Боздошти гумонбари латукӯби журналист дар Душанбе

Кормандони милитсия гумонбари ҳамла ва латукӯб ба журналистро дар шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тавре РВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст,ки кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки дар саҳни бинои «Шарқи озод» ба хабарнигор дарафтода, ӯро латукӯб ва телефони дастияшро рабуда буд.

Ҳодисаи мазкур 2 ноябр рух дод ва кормандони ин ниҳод бо гузашти як рӯз ҳамлагарро боздошт намуданд.

Жигулский Николай Генадевич, гумонбар

«Ин мард Жигулский Николай Генадевич сокини шаҳри Норак буда, феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти «дуздӣ» ва «авбошӣ» ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуда буд», — таъкид менамояд манбаъ.

Ҳоло боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248, «ғоратгарӣ»- и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми 2-юми ноябр дар саҳни Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” журналисти Медиа-холдинги “Оила” аз тарафи шахси номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифта буд. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ҳодиса, пас аз зӯҳр, соати 13:00 дар саҳни Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки аксари расонаҳои кишвар дар он мустақаранд, ба вуқуъ пайваст. Т.А. (бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот ному насаби ҷабрдида ифшо намешавад – ред.) дар саҳни ҳавлӣ гуштугузор мекард. Шахси номаълуме аз пушти сари ӯ зарба мезанад. Бар асари зарбаҳои ҳамлагар Т.А. осеби ҷисмонӣ мебинад, оринҷҳои дастаонаш ва биниаш хуншор мешаванд ва дар ҳолати ниммадҳушӣ қарор мегирад. Шахси номаълум пас аз ин, телефони афтодаи Т.А.-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Чӣ тавр рух додани ҳодисаро ин ҷо бихонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *