Аз 5 то 22 000 рубл. Парвози ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Доғистон низ боз шуд

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Махачқалъа хабар медиҳад, ки Доғистон ва Тоҷикистонро парвозҳои мунтазам пайваст мекунанд.  Парвозҳои мунтазам ба се шаҳри Тоҷикистон аз 23 сентябр тавассути ширкати ҳавоии «S7 Airlines» анҷом мешаванд.

Ҳавопаймоҳо ба Душанбе ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе, соати 22:20 парвоз анҷом медиҳанд ва вақти бозгашти онҳо аз Душанбе дар соати 01:20, рӯзи ҷумъа гуфта шудааст.

Хатти парвози дигари Махачқалъа — Кӯлоб ба ин сурат таҳия мешавад: парвозҳо аз Русия рӯзҳои ҷумъа, соати 08:20 сурат гирифта, соати 11:50 дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб анҷом меёбанд. Парвози баргашт аз Кӯлоб ба Махачқалъа низ дар ҳамин рӯз сурат мегирад.

Ҳамчунин, аз Доғистон метавон ба самти Хуҷанд низ парвоз кард. Ин парвоз ҳафтае як бор дар рӯзи ҷумъа сурат мегирад. Парвоз аз Хуҷанд ба Махачқалъа рӯзҳои шанбе анҷом мешавад.

Чиптаҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор рубл ва ба самти муқобил на зиёдтар аз 22 ҳазор рубл хоҳанд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *