Аз бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик ба сафорат хабар диҳед!!!

Обхезиҳои шадиди дар Олмон ба миён омада ҷони садҳо касро рабуда, чанди шаҳру манотиқи ин кишварро хароб карда хисороти калоне ба иқтисоди ин кишвар расонид.

Дар ин замина Cафорати Тоҷикистон дар Олмон бо сабаби обхезиҳои ахири маргбор як муроҷиатнома ба ҳамватанони дар Олмон буда, нашр кардааст
Sputnik. Сафорат аз тоҷикистониҳои муқими Олмон хостааст, агар дар бораи нопадид шудани як нафар тоҷик дар маҳалли офати табиӣ иттилое доранд, ба сафорат пешниҳод кунанд.

“Аз шаҳрвандон хоҳиш мегардад, ки дар сурати мавҷуд будани иттилоъ нисбати бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик дар мавзеҳои офатҳои табиӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Берлин — телефон — 030 34 79 300 ва суроғаи электронӣ — info(at)botschaft-tadschikistan.de тамос гиранд”, — омадааст дар муроҷиатнома.

Таъкид шудааст, ки бар асари боришоти сахти ҳафтаи ҷорӣ дар музофотҳои ғарбии Олмон обхезӣ ва селҳо ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа наздики то 100 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1300 нафар беному нишон мебошанд.
Нисбати чунин як талафоти бузург, ва хисороти азим раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ҷумҳурии федаралии Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер барқияи таслият ирсол намуда, ба мардуми Олмон ҳамдардӣ баён кардааст.

“Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам”, — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *