Аз Русия чӣ қадар зану марди муҳоҷир баргашт?

Тавре хабаргузории “Авеста” дар истинод ба Аслишо Нодиршоева, роҳбари Идораи муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргаштанд, иттилоъ додааст
Вай таъкид доштааст, ки миёни нафароне, ки ба Тоҷикистон баргаштанд 74 171 мард, боқимонда 16 162 нафарро занҳо ташкил додааст.
“Ҳамасола аз кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наздик ба 500 ҳазор нафар меравад. Дар соли 2020 ба Русия 129 ҳазор нафар сафар кард, ки миёни онҳо 112 927 мард, боқимондаро 16 880 занҳо ташкил медиҳанд”, — гуфт Нодиршоев.
Ба гуфтаи вай Русия то ҳол барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, ки мехоҳанд кор пайдо кунанд, шавқовар аст.
“То 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии мо ба Русия мераванд. Танҳо 10 дарсади муҳоҷирон ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо сафар мекунанд”, — таъкид кард Нодиршоев.
Вай ҳамзамон қайд кард, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон барои нафароне, ки ҳангоми пандемия ба Ватан баргаштанд нуқтаҳои машваратӣ фаъолият мекунад. Дар онҷо шаҳрвандон барои пайдо намудани кор метавонанд муроҷиат кунанд.
Ба гуфтаи намояндаи вазорати меҳнат дар ҳоли ҳозир барои машварат ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор нафар муроҷиат кардааст.
Ҳамчунин дар ин нуқтаҳо ҳар муҳоҷир метавонанд маълумот дар бораи иҷозаи вуруд ба Русияро доштанро дастрас намояд.
Нодиршоев таъкид дошт, ки барои таъмини кор дар дохили кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон авлавият доранд.
Шаҳрвандон бештар ба соҳаи сохтмон алоқамандӣ доранд.
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, ҳоло дар Тоҷикистон 267 ширкати сохтмонӣ фаъол аст. Дар ин бахш 34 ҳазору 528 нафар шаҳрвандони кишвар кор мекунанд. Инчунин дар ин бахш беш аз 4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ низ фаъолият мекардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *