Аз таркиш як нафар ҷон бохт

Дар кони зеризаминии Шӯроб таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа як нафар куштаву чанд тан захмӣ шуданд. Бино ба иттилои масъулони корхона фарзияи пешакӣ таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Гурӯҳҳои наҷот ҳоло бо бартарафкунии оқибатҳои ин ҳодиса машғуланд.

Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси ин кон рӯзи 24-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ҳодиса тахминан соати 16:30 дақиқа рух дод ва Абдуманнон Тошбоев сардори бригадаи коргарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯро ба ташхисгоҳ бурдем ва ҳоло корро муваққатан то бартарафшавии садама қатъ кардем.»

Як манбаъи боварбахши ҳамчунин афзуд, ки 7 каси дигар дар ин ҳодиса захмӣ бардошта ва ба беморхона фиристонда шудаанд.

Туйчиқул Муродқулов, сардори минтақавии ҳолатҳои изтирории зеризаминӣ низ афзуд: «ҳоло кормандон ба ҷойи ҳодиса рафта кумаки аввалияро расонида истодаанд ва дар сурати маълум шудани хисороти молию ҷонии бештар маълумот хоҳем дод.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *