Мубориза аз терроризм то одамфурӯшӣ: Оё пеши роҳи онро гирифтан имконпазир ҳаст?

Аз терроризм то одамфурӯшӣ: генерал Раҳимзода бо сафири Туркия ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки , нахуст генерал-полковник Раҳимзода оқои Эмре Зеки Карагёлро бо таъйинаш ба мақоми сафирӣ табрик карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Бино ба хабари ВУД, генерали тоҷик ва сафири Туркия густариши ҳасанаи ҳамкориҳоро дар бахши амниятӣ баррасӣ намудаанд.

«Ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд», — омадааст дар иттилоия.

Тарафҳо ҳамзамон хостори мубодилаи иттилооти оҷил шудаанд. Ҳамчунин дар мавриди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Таъкид ба харидуфурӯши одамон дар ин мулоқот дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик аз ҳолатҳои ҷалби занону бонувони тоҷик ба истисмори шаҳвонӣ дар Туркия ва бархе кишварҳои арабӣ иттилоъ дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *