Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз Восеъ омаду дар Душанбе одамро кушт

Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар кучаи Лоҳутии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пушташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, тахминан соати 22:50-дақиқа, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.