Аждаҳои марг боз як дӯстамро фурӯ бурд!

Дору аз Амрико, Аврупо, беҳтарин духтурони шаҳри Маскав натавонистанд дӯсти моро наҷот диҳанд.

Боз як баҳор хазон шуд, боз як нахли умр канда гашт. Дӯст ва бародари меҳрубони мо Нусратулло Валиев аз олам даргузашт.
Душмани ҷони инсон, балои охирзамон — коронавирус риштаи умри ӯро барканд.
Дируз бо ҳам харф мезадем, дируз барои фардо нақша мекашидем. Вале имрӯз дӯсти азизи мо Нусратулло бо мо нест. Ӯ аз хона бо пои худ ба беморхона рафту аз он чо тобуташро берун оварданд.
Лахзае кабл писараш Фирдавс паемак фиристод: падарам бандагиро ба ҷо оварданд.
Ин хабар ханҷаре буд, ки ба сина халид.
Дору аз Амрико, Аврупо, беҳтарин духтурони шаҳри Маскав натавонистанд дӯсти моро наҷот диҳанд. Ӯ дар беморхонаи № 52 и шаҳри Маскав ҷон дод.
Ӯ, ки як умр бо кору машаққат зиндагӣ ба сар бурда буд, акнун мехост роҳат бубинад. Бепадар, ки ба камол расида буд, мехост лаззату роҳату хизмати фарзандонашро бубинад.
Дирӯз бо ифтихор занг зада мегуфт: писарам Фирдавсчон, медонед бароям чи хел мошин харид? Медонед писарам…. Медонам Нусратулло, албатта беҳтарин мошин хариданд, беҳтарин шароит бароятон муҳайё сохтанд. Фарзандоне, ки шумо тарбия кардед, дигар хел буда наметавонанд.
Нусратулло Донишгоҳи омӯзгории Панҷакентро бо дипломи сурх хатм кард, дар ин шаҳр ҷуфти мувофиқ ба худ пайдо кард. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллиро ҳам бо дипломи сурх тамом кард. Кор дар хориҷа, бозгашт ба Ватан. Аммо афсус, ки ҷанги шаҳрвандӣ ӯро аз остонаи дарвозаи Ватан берун андохт. Дар Маскав мустақар шуд ва фарзандони бомаърифаташ беҳтарин мутахассисон дар ин кишвар шуданд.
Онҳо умед доштанд хизмати падар кунанд, аммо дунё бевафоӣ кард. Падари мехрубон, соябони сари фарзандону наберагонро аз даст доданд.
Дӯсти азиз, Нусратулло! Мехоҳам ҳарфҳои зиёде дар бораатон гӯям. Аммо гиря гулӯгир мекунад…..
Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад!
Ш.Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *