Азим Иброҳим: Агар ягон таҳдид бошад, аз сафар худдорӣ кунанд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки таъкид кард, ки “монеа дар бораи ҳамлу нақл миёни Тоҷикистону Афғонистон дида намешавад.”

Бино ба иттиллои вазир, рӯзи 13-уми июл 51 мошин аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, 72 мошин аз он тараф ба Тоҷикистон гузашт.
Азим Иброҳим инчунин дар шарҳи хабарҳои нашршуда дар мавриди лағви раводид ва нагирифтани пора ё худ пардохти ғайрирасмӣ аз ҷониби Толибон, ки қаблан дар ҳаҷми 200 доллар аз ронандаҳои тоҷик гӯиё ситонда мешудааст, изҳори назар кард.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар ин бора ҳеч санади расмӣ надорад ва дар ин бора чизе гуфта наметавонад.
“Дар дастам факти бевосита надорам, лекин мегуфтанд, ки баъзан аз ронандаҳо дигар пардохтҳо талаб карда мешавад. Аммо ягон санад надорем. Тавсияи мо барои ронандаҳо ин аст, ки пеш аз ҳама амнияти худашонро фикр кунанд. Агар ягон таҳдид бошад, аз сафар худдорӣ кунанд”, — афзуд вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Бояд таъкид кард, ки гуруҳи Толибон ахиран эълон кардааст, ки 90 дарсад аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва гузаргоҳҳои асосӣ ҳам зери назорати ин гуруҳ аст.
Гуруҳи Толибон пас аз тасарруфи минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон ҳич мушкил надоранд ва додугирифти мол давом хоҳад кард.

Гуруҳи Толибон дар моҳҳои охир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон фаъол шудаанд ва ҳоло гузаргоҳҳои асосии байни ду кишвар дар дасти ин гуруҳ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *