Азим Иброҳим вазифаи нав гирифт

Азим Иброҳим раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо –Қофқоз — Осиё (ТРАСЕКА) таъин гардид

 

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим,  ки чанде пеш аз курсии муовини сарвазир ба ин мансаб расида буд , вазифаи нав гирифт

Номбурда дар баробари, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо –Қофқоз — Осиё  (ТРАСЕКА) таъин гардид, хабар дошдааст, дафтари матбуотии вазорат.

Ба иттилои манбаъ, номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати наќлиёт аз ҷониби Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар пешниҳод гардида, аз тарафи президент  ин пешниҳод  ҷонибдорӣ ёфт.

Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 — Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 — Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.

Бар пояи барнома  бояд кишварҳои аъзо ба роҳҳои алтернативии рафтуомад ва интиқоли бор ба Аврупо имкон ёбанд.

Тоҷикистонро қаблан дар ин Долони байналмилалии “ТРАСЕКА” Худоёрзода Худоёр, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва қабл аз ӯ Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *