Баҳодур Шарипов футболбози тоҷик дар Русия даргузашт

Футболбози тоҷик дар синни 39-солагӣ дар Иркутск вафот кард
Баҳодур Шарипов футболбози тоҷик рӯзи 12 июл дар Иркутски Русия вафот кардааст.

Дар ин бора дар гурӯҳи «Футболи Тоҷикистон» дар Facebook хабар дода мешавад.
Бино ба гузориши пешакӣ, Баҳодур дар паи расиши кӯтоҳи ноқил ҷон аз даст додааст.

Маълум нест, ки футболбози тоҷик дар Русия ба ҳайси кӣ кор мекард.
Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Шарипов солҳои зиёд дар футболи Тоҷикистон саҳм гузошта буд.

Ӯ собиқ ниммуҳофизи бошгоҳҳои «Артиш», «Энергетик», «Андиҷон», «Хуҷанд», «Вахш», «Регар-ТадАЗ», «Парвоз» ва «Хайр» буд.
Ҳамкасбони марҳум ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони ӯ изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *