Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба фаъолият оғоз намудани ду корхонаи азими истеҳсолӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷан ду корхонаи калони истеҳсолӣ, САТН ва ҶДММ «Ҷавонӣ» ба фаъолияти пура оғоз намуданд, ки дар маҷмуъ 1500 нафарро бо кори доимӣ таъмин менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Манба меафзояд, ки корхонаи «САТН» ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар коргоҳҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркардаи ниҳоӣ расонида мешавад. Айни замон пас аз маҳдудкуниҳои муваққатӣ коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолияти худро ба роҳ монда зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.

ҶДММ «Ҷавонӣ» аз зумраи дигар корхонаи нассоҷии маркази вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз 5 коргоҳ иборат мебошад ва наздик 1000 нафар корманд ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Фаъолияти асосии корхона ин коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он то 1250 тонна дар як сол мебошад. Дар коргоҳ аз пахта матоъ истеҳсол гардида ҳамзамон сарулибос аз матои соф пахта  омода карда мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.