Ба Парлумон чор депутати нав омад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботи миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
19 апрели соли равон,тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) иттилоъ додааст, дар ҷаласаи ин ниҳод масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32, ки 18 апрели соли 2021 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ 18 апрели соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷ.Расулов №16-84,31%, Деваштич №24-84,47%, Ҷ.Балхӣ №30 – 86,2% ва Вахш №32-85,6% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд.
“Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд”,- таъкид доштааст Бахтиёр Худоёрзода.
Дар интихоботи 18 апрели соли 2021 номзадҳо Файзулло Қосимӣ бо гирифтани 74,71% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Расулов №16, Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 73,2% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Балхӣ№30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *