Ба сӯи марги худ хандида рафтӣ…

Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи чаҳор рӯз, ҷасади Ҳабиб Ёқубов, ҷавони 19- солаи сокини ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент ёфт шуд.

Мутриб Шоназаров, масъули КҲФ шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади Ёқубовро аз соҳили дарёи Зарафшон аз ҳудуди мавзеи деҳаи Ёрӣ пайдо кардаанд.

“Зимни азназаргузаронии соҳили дарёи Зарафшон кормандони КҲФ дирӯз ҷасади Ёқубов Ҳабибро дарёфт намуда ба дасти пайвандонаш супориданд. Бегоҳии дирӯз, 22 июл марҳум ба хок супурда шуд”, — гуфт Шоназаров.
Ҳабиб Ёқубов, сокини деҳаи Киштудаки Панҷакент, ҳамон ҷавонест, ки расонаҳо навишта буданд, барои наҷоти модараш худро ба сел андохта буд.

БА ҲУРОН ҲАМНИШИН АНДАР БИҲИШТӢ…
Дар ёди Ҳабибҷони Ёқуби нуздаҳсола ва ёздаҳ нафари дигар, ки рӯзи 19.07—2021 дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент қурбонии сел шуданд. Ин ҷавонписар мехост, модарашро наҷот диҳад. Мурдаи ӯ ва ҷавондухтаре то ҳанӯз нопадид аст.

Ҷавони навхати ҷӯёи модар,
Ба сар омад туро савдои модар.
Зи қаҳри сел нотарсида рафтӣ,
Ба сӯи марги худ хандида рафтӣ.
Гумон кардӣ балоро ром созӣ,
Ба нерӯ селро ором созӣ.
Раҳонӣ модари мушти паратро,
Бубинӣ пеши дар тоҷи саратро.
Гумон кардӣ хазонашро набинӣ,
Насозӣ бо мусибат ҳамнишинӣ.
Намедонистӣ ту аз амри тақдир,
Шудӣ дар қаъри сели дад нафасгир.
Ба гирдоби бало афтода рафтӣ,
Гиреҳи мушкилат накшода рафтӣ.
Супурдӣ ҷони худ ҳамроҳи модар,
Надидӣ рӯзи тӯю рӯи дилбар.
Ҳама армони дил бар хок бурдӣ,
Ту рӯҳи пок бар афлок бурдӣ.
Тамоми халқ бо ғам мурдакобанд,
Валекин мурдаатро менаёбанд.
Ту гаштӣ ахтару рафтӣ ба афлок,
Ҳамеҷӯянд туро аз синаи хок.
Ту қурбонии дасти сарнавиштӣ,
Ба ҳурон ҳамнишин андар биҳиштӣ.
На танҳо деҳи Киштӯд аст дар ғам,
Тамоми Тоҷикистон аст ба мотам.
Дувоздаҳ тан шаҳиди Иди Қурбон,
Шумоён ғарқаи нуреду имон.
Ҳамеша ҳамраҳи мо зинда монед,
Шумо чун наҷмҳои нурфишонед…

Исмоил Зарифӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *