Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Байден Шӯрои амниятро дигар мекунад

Дар замони раёсати Байден муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавият қарор мегиранд

Ҷо Байден-прзиденти нави Амрико тасмим гирифтааст, ки Шӯрои амнияти миллиро тағйир диҳад. Дар ин Шӯро як сохтори алоҳида танҳо ба масоили Русия ва Осиёи Марказӣ машғул хоҳад шуд. Байден алакай эълон кард, ки ин ниҳоди навро Андреа Кендалл-Тейлор – корманди собиқи мақомоти амниятии Амрико роҳбарӣ хоҳад кард.
Ташкили чунин ниҳоди махсуси Русия ва Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амрико ба ин маъност, ки дар замони раёсати Байден муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дигарбора дар авлавият қарор мегиранд. Дар замони раёсати Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Амрико як ниҳоди махсус оид ба Русия вуҷуд дошт, вале Доналд Трамп онро барҳам дода, масоили сиёсати Амрико дар робита ба Русияро ба бахши аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ вогузор шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.