Балҷувон: Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар нуқтаи осебпазир (аудио)

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувони вилоят ҳамроҳ бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи ноҳия ба ҷамоати Балҷувон рафтаанд, ки як нуқтаи осебпазир аз офатҳои табиии эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, онҳо миёни сокинон дар мавзуи эҳтиёт дар офатҳо, пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, сари вақт тоза кардани обраҳаву ҷӯйборҳо ба хотири пешгирӣ аз омадани сел, манъи хонасозӣ дар манотиқи хатарзо ва ғайра корҳои таблиғотӣ ба роҳ мондаанд.

— Ба аҳолии минтақа гуфта шуд, ки худи онҳо қабл аз ҳама гарави амнияту бехатарии худанд ва аз ин рӯ, бояд ҳатман аз худсарона бунёд кардани хонаҳо дар минтақаҳои хатарзо худдорӣ кунанд,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки 8-уми майи соли 1969 маҳз дар ҳамин минтақа бар асари лағзиши замин як деҳа бо 24 хонавода пурра зери лой монда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *