Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Балои аср ҳаррӯз чандин касро мехӯрад…

Бино ба маълумоти расмӣ шумораи ҷонбохтагон ба 112 нафар расидааст
Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон бадтар мешавад. Вазорат аз даҳҳо ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси корона ва ҳолати нави марг аз ин уфунат хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 51 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.

«Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 41 нафар шифо ёфтанд», — омадааст дар иттилоияи сомонаи covid.tj.
Бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 112 нафар баробар шуд.

Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14177 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 758 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.