Барқияи Кумитаи дин: Масҷид баста нест, ба қоида риоя кунед!

Кумитаи дини Тоҷикистон зимни ирсоли як барқияи телефонӣ тадбирҳои вобаста ба ҷашну маросим ва намозҳои дастаҷамъиро шарҳ додааст. Тӯю маъракаҳо манъ ва масҷидҳо ба шарти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баста намешаванд
Дар ин барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, ки унвонии ҳукуматҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ фиристода шудааст, бар зарурати иҷроиши супориши ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавирус аз 21 июни соли 2021 таъкид мешавад.
“Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаронидани тӯйҳои домодию арусӣ бо шумораи маҳдуди иштирокчиён, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии таҷаммуъи шумораи зиёди одамон зимни баргузории маросими дафну азодорӣ, қабл аз баргузории маъракаю маросим ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону масъулони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои баргузории маъракаю маросим андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад”, — омадааст дар барқия.
Ситоди ҷумҳуриявӣ қатъан талаб кардааст, ки зимни баргузории ибодатҳои дастаҷамъона риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста тамйиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат берун аз бинои масҷид, пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шавад.
Дар ин робита Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақозо кардааст, ки корҳои назоратиро ба роҳ андозанд ва аз натиҷааш ҳар моҳ ба Кумита маълумот диҳанд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи гузашта, 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.