Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Беҳтарин кадбонуҳои Хуҷанд муайян шуданд

Дар чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи  беҳтарин” бо иштироки кадбонуҳо аз 16 маҳаллаҳои шаҳр баргузор шуда, ғолиб муайян гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ доир шуд.

Бо баҳогузории аъзои ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, кадбону аз маҳаллаи “Тути калон” Шаҳноза Зокирова ҷойи аввалро ба даст овард.

“Ҷойи дуюмро кадбону аз маҳаллаи “Сари баландӣ” Муборак Эргашова  ва ҷойи сеюмро кадбону аз маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз” Бароат Ӯрунова соҳиб гардиданд.  Ба ғолибон Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба иштирокчиёни озмун сипоснома супорида шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.