Бе барқ, об ва ҳоҷатхона: зиндагии сахти зани 63 сола дар Душанбе (видео)

Холаи Адолат 63-сол дошта ҳамроҳи писари маъюбаш дар анбори сарду бидуни шароит ва симентии кӯчаи Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансур зиндагӣ мекунад. Рӯзгори сангин ӯро ба ҷон оварда бошад ҳам барои нигаҳбонии фарзанди маъюбаш талош мекунад.

Анборе, ки онҳо зиндагӣ мекунанд на барқ, на плита, на ҳоҷатхонаву ҳамом дорад. Дар ин гуна шароит се сол аст, ки ин зани азиятдида бо писараш Ҷамшед рӯз мегузаронад. Холаи Адолат се фарзанд ва як набера дорад ва ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш дардманд ва дорои маъюбият ҳастанд. Ду духтараш ва наберааш дар хобгоҳ иҷоранишинанд ва ҳатто имкони пардохти иҷорапулиро надоранд.

Ягона орзуи ин модари танҳо доштани хонаи алоҳида  ва сарҷамъ кардани фарзандонаш аст.

Ҳамаи анҷоми рӯзгори ин зан дар як кулбаи тангу торик болои ҳам овезон, замин симентӣ, қолин тунук, хурокаву об нест, аҳволе, ки пеши чашм намудор мешавад касро ба гиря меорад.

Ин зани 63 сола мегӯяд, ки роҳрӯбӣ мекунад ва инсонҳои саховатманд дар кӯчаҳо ба ӯ дасти кӯмак дароз мекунанд. Ба ин васила қути лоямут меябад…

Навори зиндагии вазнини ин занро дар зер тамошо кунед:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *