Беаҳамиятӣ. Чаро одамон аз ман хафа мешаванд?

«Бисёр мехоҳам дар дунё бештар аз ҳама як аҳмақи беаҳамияте бошам, ки зиёде аз дӯстони ман чунин ҳастанд. Аммо, вақте ки дар бораи паёмадҳои чунин рафтор меандешам, дарк мекунам, ки шояд ин корро ба худ иҷозат надиҳам».

(Леонардо Ди Каприо)

Ин гуфтаи актёри писандидаам Леонардо Ди Каприо метавонад маро соатҳову рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо ба андеша бубарад. Зеро, ин як гуфтаи оддӣ нест. Ин фалсафаи амиқу таъсиррасон ба дарки воқеияти ҳаёти инсон, робитаи ӯ бо ҷомеа, бо ҷаҳон, ҳадди ақал бо аҳли оилаи ӯст.

Фалсафаи Ди Каприо дар назари ман бештар аз он ҷилва мекунад, ки ӯ гӯё дар маҳдудаи як гуруҳ дӯстони худ сухантозӣ карда бошад. Вале, шояд худ хуб дарк карда бошӣ, ҷаноби Хоҷаев, ки ӯ бо эҳтирос, бо нафрат ба муҳити гардолуду чиркини порае аз ҷамоаи инсонӣ, ба умеди дидор бо саҳнаҳои ширини зиндагӣ чунин ақидаро радду бадал карда.

Воқеан, агар чун як инсони одамсират ба ин нукта баҳогузорӣ намоем, ба ин хулоса мерасем, ки одам пеш аз инсон шуданаш бояд талаботи одамгариро бароварда кунад. Талаботеро, ки ӯро аз олами вуҳуш ҷудо месозад ва дар баробари дигар махлуқоти бадсиришт довталаб мекунад. Довталаби ғалабаи хайр ба шар.

Дар тӯли зиндагӣ зиёд ба ҳолатҳое дучор гаштаам, ки рафтору муносибатам боиси дигарбинӣ ва баҳсу ҳатто моҷароҳо гаштааст, дӯстам Хоҷаев. Дар кор ҳам то ҷое ба чизҳои майда-чӯйдаву нолозим беаҳамиятӣ зоҳир мекунам ё ба пурсишҳои ғайримантиқиву ноҷо бо танзу киноя посух медиҳам ва инро бисёриҳо эҳсос намудаанд. Ҳатто бархе хафа ҳам мешаванд, ки ҳангоми ба коре машғул будан паси оинаи роёна аҳамияташон намедиҳам. Дар вокуниш ба норозигияшон гуфтаи ҳунарманди амрикоӣ Мэрил Стрипро иқтибос меорам: «Ҳар он касе, ки мехоҳад ба чизе ноил гардад, бояд бисёр кор кунад. Вақте ман кор мекунам, дигар чизҳои дуюмдараҷа фаромӯш мешаванд».

Боз, дур намеравам, ёд аз муомилаи худ бо кӯдаки ноболиғам мекунам, ки хеле ҷолиб ва аз хотир нарафтанист.

Муҳаммади ман аз тифлӣ дар асорати ранҷу зиён, бемориҳои гуногун афтода буд. Чун бисёр ранҷ кашид ва ман ҳам пайи давояш зиёд заҳмат кашидам, бароям азиз шуд. Барои ҳамин, дар ҳоли сар задани амали ноҷое аз ҷониби ӯ, ҷуръат намекунам сахт гап занам. Бубин, як марди капа-калон аз ҳайбати як кӯдак меҳаросад! Шояд ҳамин буд, ки ӯ кам-камак эрка шуд. Ва шояд ҳамин боис гардид, ки аъзои хонавода гумон мекунанд ман нисбат ба ӯ беаҳамиятӣ дорам. Далели равшан як ҳодисаи воқеӣ ва то ҷое хандаовар аст. Он чунин аст, ки рӯзе аз кор бармегардам ва соҳиби хонаи иҷора иҷорапулӣ мепурсад. Чун ба ҷуз як саддоларӣ дигар маблағи нақди кироӣ барои иҷорапулӣ надорам, онро аз сумкачаи хазинавӣ мебардораму болои мизи китобҳо мегузорам, то фардо иваз карда, маблағи иҷораро супорам. Субҳ ба кор меравам ва он саддоларӣ фаромӯш мешавад. Дуо рафтагӣ барин, он рӯз маош мешавад ва доллар ҳам аз гӯшаи хаёл дур мондан мегирад. Вақти тановули хӯроки шом очаи бачаҳо бо хандаи кунҷковона мепурсад, ки оё чизе гум накардаам? Ҳайрон мешавам ва мегӯям, ки бигӯяд, чӣ гуфтанӣ дорад. Саддоллариро аз ҷайб берун меораду рӯйи дастархон мегузорад. Ҳамин вақт мебинам, ки Муҳаммад зуд аз назди дастархон дур шуда, худро кунҷи хона мегирад. Аз ҳамсарам мепурсам, ки чӣ гуна он пул ба дасти ӯ расидааст. Нақл мекунад: “Дар ҳавлӣ либосшӯӣ мекардам, ки Муҳаммад башаст аз зинапояҳои хона поин шуда, тарафи дарвоза давид. Ӯро боздоштам. Пурсидам:

-Куҷо меравӣ?

Ҷавоб дод:

-Магазин, сақичхарӣ.

-Пул надорӣ ку!

-Дорам, дадам дод.

-Ку…

Панҷаашро кушоду саддолариро дидам. Онро аз дасташ гирифтам ва ба ҷояш сесомоние додам”.

Тӯли чанд дақиқае, ки банда қиссаи “сақичхарӣ бо доллар”-ро мешунидам, авзои ноҷои кӯдакро мушоҳида кардам. Шояд ӯ ҳамин лаҳзаҳо фикр мекард, ки ана мана нагуфта, наздам мехонам ва чанд шаппотии обдор бари рӯяш мефарорам. Аммо, не. Чунон вонамуд кардам, ки гӯё чизе нашудааст. Бо табассуми сохта фарёдаш кардам:

-Биё бачам, пешам биё! Бачаи ман зӯр, каттазан аст. Барои пул шуда одамро хафа намекунанд, ҳа!? Чӣ гуфтӣ!?

-Ҳо дада, ҳо,- гуфта, шодикунон давидаву худро ба оғӯшам андохт.

-Ҳамин хел беаҳамиятӣ кардан гир, одат мекунад,- ғурунгид очаи бачаҳо ва барошуфтаву ба хонаи дигар гузашт.

Вале ман дар бораи паёмади чунин беаҳамиятии худ фикр накардам, рафиқ Хоҷаев. Дақиқтараш, лозим надонистам. Зеро, медонистам, ки кӯдакон зирак мешаванд ва бачаи ман ҳам ҳатман маънии вокуниши кинояомезамро дарк мекунад. Баъдан, пас аз гузашти рӯзҳо мушоҳида намудам, ки воқеан, дарк кардааст. Яъне, одат накард.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *