Беларус меравед? Даҳ тайёра шуморо мебарад…

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар моҳи декабри соли ҷорӣ  бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

Ба диққати мусофирони озими Ҷумҳурии Беларус мерасонем, ки мутобиқи Қарори Шӯрои вазирони Беларус №591 қоидаҳои зерини вуруд ба ин кишвар ва убури қаламрави он (транзит) амал мекунанд:

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд. Натиҷаи PCR-тест бояд на дертар аз 72 соат қабл аз убури марзи давлатии Беларус омода шуда бошад. Матни пурраи Қарори №591-ро метавонед дар сомонаи расмии Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Беларус пайдо намоед. Мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд. Маълумоти навин оид ба тадбирҳои миллии пешгирикунандаи паҳншавии COVID-19-ро метавон дар сомонаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус дарёфт кард. Маълумот оид ба тадбирҳои пешгирикунандаи хуруҷи вируси COVID-19 дар фурудгоҳи Минск дар сомонаи фурудгоҳи миллии Минск дастрас мебошад. Маълумоти муфассал дар сомонаи http://tajikistan.mfa.gov.by дарҷ гардидааст.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 – натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *