Вазири тандурустӣ Дарвешзода- сардори дафтари матбуотро аз вазифа барканор кард

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.

Тасмими барканории Бибихонум Дарвешзода имрӯз, 13 май аз тарафи вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода сурат гирифт.

Ҳоло ба ҷойи Бибихонум Дарвешзода сардори шуъбаи иттилоот ва робитаи бемористони “Истиқлол” Эмомалӣ  Мирзоев таъин шудааст.

Бибихонум Дарвешзода дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки сабаби барканориро намедонад ва ин тасмими роҳбарияти нави вазорат аст.

Ҷамолиддин Абдуллозода то таъин шудан ба вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, директори бемористони “Истиқлол”-ро бар зимма дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *