Бисмиллоҳхон тарконидани буданд, Худоро шукр ҳамааш хуб гузашт!

Дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум манзили вазирро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Толиб чун саги посӯхта намедонад, чӣ кор кунад. Бинобар ин ҳаррӯз дорад як амали зишту нангини худро мехоҳад роҳандозӣ намояд. Аммо бо фармони он ҳақ ҳич ба мақсад нахоҳад расид.

Бар асоси иттилои расмӣ, назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини дорои маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд. Шахсияташон феълан маълум нест.

Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни номаълум идома дорад. То ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки аз таркише дар назди гузаргоҳи назоратии пеши сафорати Эрон дар Афғонистон низ хабар дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *