Боғи беҳтарини шаҳри Душанбе муайян шуд

Боғи ба номи Аҳмади Дониши пойтахт дар озмуни шаҳрии «Сайри гули лола»  «Боғи беҳтарин» дониста шуд. Ҷамъбасти   озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» аз рӯи чор номина 3 апрел дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар номинаи «Боғи беҳтарин» ҷойи 1-умро Боғи ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, зинаи  2-юмро Боғи Устод Рӯдакӣ ва «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ва мақоми  3-юмро Муассисаи давлатии «Боғи ботаникии Тоҷикистон» ва Боғи Куруши Кабир соҳиб гардиданд. Дар номинаи «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсӣ зинаи аввал, гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур ҷойи  дуюм ва гулгашти кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинаи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» — кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ҷойи аввал, кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино мақоми  дуввум, хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зинаи   сеюмро касб намуданд.

Инчунин дар номинаи «Гулпарвари беҳтарин» ҷойи аввал ба муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» Гулнигор Ғаффорова, мақоми  2-юм ба муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» Шариф Шеров ва зинаи сеюм ба Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Таманно Абдуллозода сазовор дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *